Тарош бо тешаи худ ҷодаи хеш. Ҳунарманде, ки ба унвони баланди эҷодӣ сазовор аст

Роҳбари ансамбли “Тарона ва рақс”-и Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев, дорандаи медали “Хизмати шоиста”, Аълочии фарҳанги Тоҷикистон, ҳунарманди асилу дӯстдоштанӣ Алишер Қанотзода тамоми ҳастии хешро ба санъати мусиқӣ ва овозхонӣ бахшидааст.

Алишер Қаноатзода аз авлоди ҳунармандон буда, муҳити хонаводагиаш анбошта аз шеъру суруду тарона буд. Ҳанӯз дар овони таҳсил дар мактаби миёна дар саҳнаи хурди мактабӣ ҳунарнамоӣ карда, дар озмуну фестивалҳои минтақавӣ, шаҳрӣ, вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ иштирок мекард. Бо бародаронаш — Иноят, Бахтиёр, Саидалӣ ва Давлаталӣ дар тӯю маъракаҳои хурсандии ҳамдеҳагон иштирок ва ҳунарнамоӣ мекард. Махсусан, бародари калонӣ — Иноят дар тарбияи Алишер ва дигар бародарон саҳми муносиб гузоштааст. Садои акои Иноят, агар ба забони мусиқӣ ифода кунем, тенори лирикӣ буда, диапазони овоз хеле дароз ва якчанд актаваро дар бар мегирифт. Ҳатто дар сафарҳо ҳам рубоб ҳамсафару ҳамрози ҳамешагии ӯ буд. Аз чӯб барои худ рубоб ҳам месохт. Нақл мекунанд, ки акои Иноят ҳангоми бозгашт аз хизмати ҳарбӣ аз даромадгоҳи деҳа то манзили падарӣ, ки дар самти болоии деҳаи Артучи деҳшӯрои Рӯдакӣ ҷойгир буд, бо савту навои мусиқӣ ва сурудхонон омадааст. Чунин рафтори ғайримуқаррарӣ ду сабаб дошт: хурсандии бозгашт аз хизмат ва шукронаи додарчаи навзод, ки он тифл — Алишери азиз имрӯз номбардори хонавода ва миллати тоҷик гардидааст.

Алишер Қаноатзода баъди хатми мактаби миёна ва адои хизмати Модар-Ватан, соли 1989 ба факултети мусиқӣ ва суруди Донишкадаи ҳунарҳои зебои ба номи Мирзо Турсунзода дохил шуда, онро соли 1994 бо дипломи аъло хатм кард. Баъд аз хатми донишкада корро бо роҳхат дар Филармонияи давлатӣ, ба сифати овозхон дар ансамбли “Ҷавонӣ”, ки роҳбарии онро Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон Хосияти Зарафшонӣ — овозхони садояш бемисл ба уҳда дошт, оғоз кард. Дар муҳити эҷодии Филармонияи давлатӣ дар он замон шоҳсутунҳои мусиқии тоҷик, ба монанди устоди зиндаёд Зафар Нозим, ҳунарманди мардумии собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ, устод Ҷӯрабек Муродов, ҳунармандони шоиста Абдумаҷид Бердиев, Субҳон Саидов, Олим Бобоев, Хурсандмурод Зарифов, ҳунармандони мардумӣ Афзалшо Шодиев, Хосияти Зарафшонӣ, Чиллахон Холов ва дигарон фаъолият мекарданд. Алишер ҳамаи ҳунармандони мазкурро мураббии худ ҳисобида, аз ҳар кадоми онҳо чизҳое омӯхтааст, ки дар ташаккули касбияти ӯ мусоидат кардаанд. Ҳамин тавр, Алишер зина ба зина ҳунари худро такмил дода, тӯли 28 сол аст, ки дар боргоҳи ҳунарии мазкур фаъолияти пурсамар анҷом медиҳад. Ӯ сабки махсуси худро пайдо карда, айни замон ба сифати устоду мураббӣ шогирдони зиёдеро тарбият карда истодааст. То имрӯз бо фарогирии сурудҳои нав ба нав зиёда аз 12 шаби эҷодӣ баргузор кардааст. Инчунин, дар хориҷ аз кишвар низ мунтазам барномаҳои консертияш баргузор мешаванд.

Ӯ то имрӯз ба беш аз 170 матн оҳанг эҷод кардааст, ки 125-тои он сабт гардида, дар хазинаи тиллоии садову симои кишвар маҳфуз аст. Китоби сурудҳояшро ба чоп омода кардааст, ки фарогири 70 суруду оҳанг мебошад.

Устоди А. Қаноатзода Ҳунарманди мардумии Иттиҳоди Шӯравӣ ва Ҷумҳурии Тоҷикистон, устоди нотакрори ҳунар Ҷӯрабек Муродов дар барномаи “Ёди рӯзгори ширин” чеҳраи ҳунарии А. Қаноатзодаро равшан муаррифӣ карда буд. Ба қавли устод, “ном мондан ҳам ба одам таъсираш ҳаст, Алишер ба душвориҳо қаноат кард, ба мақсад расид ва ҳоло шерона дар санъат хизмат карда истодааст, хислати хуби роҳбарӣ кардан дорад, заҳмат мекашад, босавод аст, хушбахтӣ ҳамин ки, ҳам шеърро мефаҳмад, ҳам оҳангро ҷо ба ҷо монда мехонад, ин чиз бисёр мураккаб аст, ҳамту ба гуфтан осон менамояд, лекин шеърро ёфта, оҳанг баста, аз ёд карда, баъд ба халқи азиз пешниҳод кардан бисёр заҳмат металабад…”. Суханони мазкур ба тавзеҳи зиёдатӣ ниёз надоранд. То бод чунин бодо! Устод дар ҳамин барнома аз қавли як шогирдаш, ҳунарманди тоҷики муқими Амрико ёдовар шуд, ки гуфтааст: “Шогирде, ки “ман — шогирд” мегӯяд, “Дили модар”-и шуморо хонда натавонад, вай шогирд нест. Ҳақиқатан, ҳамин Алишер “Дили модар”-ро як хушрӯ хонд, ки…”. Баъд аз ин сухан дар ҳамон барнома суруди мазкур дар иҷрои Алишер садо дод, ки аз назари сабки иҷро ҳунари сарояндагии вижаи овозхони ҷавонро ба намоиш мегузошт.

Дар урфият мегӯянд, ки “ҷомаи бомаслиҳат кӯтоҳ намеояд”. Дар ҳақиқат, Алишер дар интихоби матну оҳанг бисёр ҷиддӣ муносибат карда, дар ин раванди эҷодӣ, ки бисёр мураккаб аст, то ҳанӯз аз машварату маслиҳати устодонаш суд меҷӯяд. Бо шоирону адабиётшиносону оҳангсозон ҳамкорӣ дорад. Аввалин шунавандаи сурудҳояш аҳли хонавода ва дӯстони наздикаш ҳастанд. Танҳо баъд аз итминони комил ҳосил кардан тасмими ниҳоӣ мегирад.

Кӯлвори эҷодии Алишер пурбор аст. Ӯ ҳамвора дар ҷустҷӯи эҷодӣ қарор дошта, аз пайи такмили ҳунару истеъдоди худ кӯшиш мекунад. Дар жанрҳои гуногуни мусиқии суннатию муосир, ба мисли шашмақом, сурудҳои халқӣ, эстрада, оркестри созҳои халқӣ шеър месарояд. Аз ҷумла, бадеҳасароӣ дар репертуари Алишер мавқеи муҳим дорад. Ҷуфти ҳунарии ӯ дар бадеҳасароӣ овозхони ансамбли “Тарона ва рақс”, Аълочии фарҳанги Тоҷикистон, барандаи озмуни “Суруди модар — 2022” хонум Гулпарӣ Орифзода аст. Ҳарду беш аз бист бадеҳа сароидаанд, ки бадеҳаҳои “Гулпарӣ”, “Зери борон”, “Майда-майда меравӣ”, “Эй ҷавонӣ”, “Ҷавон бимонӣ”, “Ошиқи шумо” аз ҷумлаи онҳоянд. Бадеҳаҳои “Муҳаббат жрӣ”, “Ҳасите” ва “Кимилерин…”-ро ба забонҳои қазоқӣ, ҳиндӣ ва туркӣ дилрас месароянд.

Алишер ба 12 забони хориҷӣ, ба мисли русӣ, арабӣ, ҳиндӣ, непалӣ, туркӣ, туркии озарӣ, қазоқӣ, ӯзбекӣ, туркманӣ суруд мехонад. Бо боварии комил метавон изҳор кард, ки Алишер Қаноатзода сазовори унвонҳои баланди эҷодӣ аст.

Шиори асосии Алишер Қаноатзода дар эҷод “Тарош бо тешаи худ ҷодаи хеш” аст. Дар тароши ҷодаи эҷод ва фатҳи қуллаи мурод ба Алишери азиз боз ҳам барор ва комёбиҳои тоза ба тоза, нав ба нави эҷодӣ таманно менамоем.

Алишерро рӯзи 23-юми май, соати 17:00 дар толори Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев имтиҳони бузурге дар пеш аст. Ӯ ҳамроҳи Гулпарӣ Орифзода шаби эҷодии худро таҳти унвони “Пайғоми ҷавонӣ” пешкаши мухлисони азизи худ мегардонад. Ин базми ҳунар ба Рӯзи ҷавонон ва ҷавонии шаҳри Душанбе бахшида шудааст.

Марҳабо, ба базми ҷамшедии Алишеру Гулпарӣ!

Мисбоҳиддини НАРЗИҚУЛ

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.