Тартиби нави ҳаҷ. Аз $27 ҳазор ҷарима то 10 сол депорт

Арабистони Саудӣ дар мавсими ҳаҷи имсола тартиботи нав ҷорӣ кард. Акнун ҳеҷ кас ҳақи ба шаҳри Макка ворид шудан надорад, агар раводиди ҳаҷ надошта бошад. Тартиботи нав аз рӯзи 29-уми апрел ба иҷро даромад.

Ҳушдори кумита

Қаблан зоирони тоҷик бо ширкатҳои сайёҳии кишварҳои дигар, моҳе пеш аз оғози маросими ҳаҷ, ба Арабистони Саудӣ рафта, он ҷо меистоданд ва бо роҳи ғайриқонунӣ ҳаҷ мекарданд.

Бар асоси тағйироти наве, ки Вазорати корҳои дохилии Арабистони Саудӣ онро нашр кард, аз 29-уми апрели соли 2025 барои ворид шудан ба шаҳри Макка ва адои ҳаҷ фақат онҳое, ки раводиди махсуси ҳаҷро доранд, иҷозат хоҳанд дошт.

Аз Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросим мегӯянд, ки дар асоси ин тағйирот минбаъд шаҳрвандони Тоҷикистон, ки тариқи ширкатҳои кишварҳои дигар ба сафари ҳаҷ мераванд, имкони ба шаҳри Макка даромадан надоранд.

Шаҳрвандони Тоҷикистон асосан тариқи Ӯзбекистон ва Русия як моҳ пеш ба Арабистони Саудӣ мерафтанд ва ғайриқонунӣ дар ин кишвар монда, маносики ҳаҷи фарзиро иҷро мекарданд.

“Дигар бо раводиди сайёҳӣ, умра ё тиҷоратӣ аслан вориди Макка шудан ғайриимкон шуд. Акнун набояд шаҳрвандони кишвари мо бо ширкатҳои кишварҳои дигар ба ҳаҷ раванд, зеро ҳаҷро адо карда наметавонанд ва бо вуҷуди ин ҷазои сангин ҳам мегиранд”,- ҳушдор медиҳанд аз Кумита.

Аз Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросим мегӯянд, ки дар гузашта ҳолатҳое ҳам будаанд, ки шаҳрвандони мо бо ширкатҳои сайёҳии кишварҳои ҳамсоя ба ҳаҷ мерафтанд, вале баъди анҷоми мавсими ҳаҷ муроҷиат мекардаанд, ки мавриди фиреби ширкатҳои хориҷӣ қарор гирифтаанд.

Ахиран, теъдоде аз зоирини тоҷик тариқи як ширкати ӯзбекистонӣ ба Ҳаҷи Умра рафта, фиреб хӯрданд ва қариб як моҳ дар Арабистон банд монданд.

Аз ҷарима то депорт

Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросими Тоҷикистон бо такя ба иттилои расмии Вазорати корҳои дохилии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ бо нашри як изҳорот гуфт, аз ҷумла шахсоне, ки ғайриқонунӣ кӯшиши ворид шудан ба шаҳри Макка ва мавзеъҳои Мино, Арафот, Муздалифаро мекунанд, то 20 ҳазор риёл, муодили 5 ҳазору 400 доллар ҷарима мешаванд.

Инчунин, шахсоне, ки ғайриқонунӣ дар Макка боқӣ мемонанд ва сокиноне, ки қонуншикании зикршударо содир менамоянд, аз кишвар ихроҷ шуда, то 10 сол аз ҳақи вуруд ба Арабистони Саудӣ маҳрум мешаванд.

Ҳамчунин, барои нафароне, ки тартиботро вайрон карда, тавассути дархости раводиди зиёрат, интиқол, паноҳ додан ё кумак расонидан ба нафарони нақзкунандаи тартиби ҳаҷ саҳм мегиранд, то 100 ҳазор риёл, баробар ба 27 ҳазор доллар ҷарима пешбинӣ шудааст.

Инчунин, воситаҳои нақлиётие, ки барои интиқоли ғайриқонунии шахсони нақзкунанда истифода мегарданд, бо ҳукми додгоҳ мусодира карда мешаванд.

Ба шахсоне, ки дорандагони тамоми намуди раводиди зиёратӣ (ба истиснои раводиди махсуси ҳаҷ)-ро дар меҳмонхонаҳо, квартираҳо, хонаҳои хусусӣ, марказҳои иқомати ҳоҷиён ва ғайра ҷой медиҳанд ё кӯшиши пинҳон кардан менамоянд ё ҳар гуна кумаке мерасонанд, ки боиси боқӣ мондани онҳо дар Макка ва мавзеъҳои муқаддас мегардад, 100 000 риёл, баробар ба 27000 доллар ҷарима таҳдид мекунад.

Кумитаи дин ба шаҳрвандони кишвар тавсия додааст, ки танҳо тариқи расмӣ ва тибқи тартиби муқарраргардида барои адои маросими ҳаҷ иқдом кунанд ва аз кӯшиши вуруд ба Макка ва мавзеъҳои муқаддас бе доштани раводиди махсуси ҳаҷ қатъӣ худдорӣ намоянд.

Квота 7 ҳазор

Мавриди зикр аст, ки тартиби нави Шоҳигарии Арабистони Саудӣ танҳо ба ҳаҷи фарзӣ рабт дорад. Сафари умра мисли пешин озод аст.

Бояд гуфт, ки замони сафари ҳаҷ – 2025 нимаи дуюми моҳи май  муқаррар шуда, он то нимаҳои моҳи июн давом мекунад. Арзиши хидматрасониҳои сафар ба ҳаҷ дар соли 2025-ум 56 ҳазору 800 сомонӣ муқаррар шуда, он ғайринақдӣ тавассути “Ориёнбонк” пардохт карда мешавад. Имсол ҳам Арабистони Саудӣ барои мавсими Ҳаҷи имсола ба шаҳрвандони Тоҷикистон 7 ҳазор квота ҷудо кардааст.

Д. ҚОДИРПУР

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *