Ташаббусе, ки намунаи ибрат аст
Дар ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон бо саҳми сокинон ва соҳибкори маҳаллӣ беморхонаи ҷамоати деҳоти Меҳвар пурра навсозӣ мешавад. Феълан корҳои сохтмонӣ бо суръат идома дорад.
Ба иттилои Муҳаммад Ҷумъазода, сардухтури Беморхонаи марказии ноҳияи Панҷ, беморхонаи рақами 3 -и деҳаи Деҳбаланди ҷамоати деҳоти Меҳвар пурра таъмир карда мешавад. Ӯ мегӯяд, ҳоло корҳои сохтмонӣ бо ҷалби сокинони хоҳишманд идома дорад.




“Беморхона ба таъмир ниёз дошт ва шароити табобату бистарӣ ба талабот ҷавобгӯ набуд. Баъди ба охир расидани корҳои сохтмонӣ ва насби таҷҳизоти муосир сифати хизматрасонии тиббӣ ба таври назаррас боло меравад”,-иттилоъ медиҳад манбаъ.
Минҳоҷиддини Сироҷиддин, соҳибкоре, ки дар таъмири беморхонаи мавриди назар саҳми арзанда дорад, мегӯяд, дар асоси дастур ва роҳнамоиҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар нақша гирифтем, ки андаке ҳам бошад дар ободии маҳал ҳиссагузорӣ намоем. Ӯ афзуд, ки ба хотири осонии кори мардуми деҳа ва беҳтар шудани шароит дар якҷоягӣ корҳои сохтмониро шуруъ кардем.
Хушбахтона, солҳои охир сокинону соҳибкорони ҳимматбаланд баҳри ободии кишвар саҳми арзандаи хешро мегузоранд. Таъмири пурраи беморхонаи рақами 3 -и ҷамоати деҳоти Меҳвар иқдомест, ки намунаи ибрат барои дигар минтақаҳо аст.
Машраби Аловиддин
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ