Ташкили фоҳишахона дар Душанбеву Хуҷанд

Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 46-солаи сокини пойтахт бо гумони ташкил ва нигаҳдошти фоҳишахона дастгир карда шуд. 

Номбурда, санаи 6-уми сентябри соли 2020, тахминан соати 12:00, хонаи истиқоматиаш, воқеъ дар кӯчаи Рӯдакиро ба фоҳишахона табдил дода, барои алоқаи ҷинсӣ намудан ба марди 32-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ ва зани 35-солаи сокини шаҳри Душанбе шароит фароҳам оварда, аз онҳо 200-сомонӣ мукофотпулӣ гирифтааст. 

Инчунин, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия зани 29-солаи сокини шаҳри Хуҷанд ҳамчун гумонбар дар ташкил ва нигаҳдошти фоҳишахона дастгир карда шуд. 

Номбурда, санаи 26-уми августи соли 2020, тахминан соати 19:30-дақиқа, дар хонаи истиқоматиаш барои алоқаи ҷинсӣ намудан ба зани 26-солаи сокини ҷамоати деҳоти Пӯлотони шаҳри Конибодом ва марди 26-солаи сокини шаҳри Хуҷанд шароит фароҳам оварда, аз он онҳо 200-сомонӣ мукофотпулӣ гирифтааст. 

Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 239 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, аз рӯи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *