Ташкили гӯшаи фарҳангии Тоҷикистон дар Туркманистон

Дар Донишкадаи муносибатҳои байналмилалии Вазорати корҳои хориҷии Туркманистон бахшида ба рӯзи касбии кормандони ҳайати дипломатии Туркманистон барномаҳои фарҳангию консертӣ ва конфронс зери унвони  «Дипломатияи Роҳи бузурги абрешим: ҷашни сулҳу дӯстӣ ва ҳамкорӣ» баргузор гардиданд.

Тавре аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар додаанд, дар ҳошияи таҷлили  ин ҷашнвора гӯшаи фарҳангии намояндагони корпуси дипломатии муқими Ашқобод, аз  ҷумла, кишварҳои масири Роҳи абрешим ороста шуд, ки дар он Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ашқобод низ ширкат варзид. Асбоби мусиқӣ, зардӯзию либосҳои миллии тоҷикӣ, китобҳову маводи сайёҳӣ ҷиҳати муаррифии фарҳангу тамаддуни миллати тоҷик ва табиати беназири мамлакат дар гӯшаи фарҳангии Тоҷикистон гузошта шуда, иштирокчиёни намоишгоҳ аз он дидан карданд.

Дар қисмати дуюми барнома Конфронс зери унвони  «Дипломатияи Роҳи бузурги абрешим: ҷашни сулҳу дӯстӣ ва ҳамкорӣ» бо иштироки муовини Раиси Девони вазирон, Вазири корҳои хориҷии Туркманистон Рашид Мередов, намояндагони вакилони Маҷлис, роҳбарони ҳайати корпуси дипломатӣ, инчунин муассисаҳои илмии олӣ, намояндагони ВАО ва дигар шахсони расмӣ баргузор гардид.

Дар ҷараёни Конфронс сухан ба роҳбарони ҳайати корпуси дипломатӣ ва созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаррух Шарифзода дода шуд.

Сафири Тоҷикистон роҷеъ ба таърих ва нақши Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташаккули Роҳи бузурги абрешим, аҳамияти он миёни кишварҳои минтақа ва умуман давлатҳои Шарқу Ғарб, инчунин доир ба муносибатҳои дуҷониба сухан гуфт.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *