Тасмими пайвастан ба ИИАО-ро Тоҷикистон мегирад, на Русия

Рӯзи 19-уми июн як ҳайати ҳукумати Русия таҳти роҳбарии муовини сарвазири ин кишвар Марат Хуснуллин ба Тоҷикистон омад. Дар доираи сафари мазкур ин ҳайат бо Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон, раиси ММ МО ҶТ, раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ва сарвазири ҷумҳурӣ Қоҳир Расулзода дидору мулоқот намуд. Робитаи иқтисодии Тоҷикистону Русия дар меҳвари гуфтугӯйи ҷонибҳо қарор дошт.

Дидор бо президент

Мулоқоти Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо муовини Раиси Ҳукумати Русия, ҳамраиси Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Русия дар умури ҳамкориҳои иқтисодӣ Марат Хуснуллин дар Қасри миллат сурат гирифт.

Дафтари матбуоти Президенти Тоҷикистон менависад: “Дар ҷараёни мулоқот тарафҳо ҳолати кунуниву дурнамои муносибатҳои шарикии стратегӣ ва ҳампаймонии Тоҷикистону Русияро мавриди баррасӣ қарор доданд”.

Ҳамчунин, ба иттилои манбаъ, ҷонибҳо зимни мулоқот маҷмӯи васеи масоили муносибатҳои Тоҷикистону Русияро дар самтҳои мухталифи иқтисоду тиҷорат, бахусус дар соҳаҳои саноат, аз ҷумла саноати сабук, хӯрокворӣ, ҳамзамон энергетика, комплекси агросаноатӣ, ҳамкориҳои байниминтақавӣ ва сайёҳӣ муҳокима карданд.

Ба иттилои манбаъ, тарафҳо ба масъалаҳои ҳамкориҳо дар соҳаи муҳоҷират, аз ҷумла ба тақвияти ҳимояи ҳуқуқиву иҷтимоии муҳоҷирони меҳнатӣ, ҳифз ва тавсеаи фазои умумии маънавию фарҳангии мардумони ҳарду кишвар таваҷҷуҳи хос зоҳир карданд.

Таъкиди Сарвари кишвари мо дар мавриди муҳоҷирон дар ҳолест, ки моҳи гузашта дар Русия садҳо муҳоҷири тоҷик беасос таъқиб ва боздошт шуданд. “Муҳоҷиршикор” пас аз сафари вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров ба Тоҷикистон андаке хомӯш шуд…

Душанбе дигар шудааст

Дар рӯзи аввали сафар Марат Хуснуллин бо раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба саёҳати пойтахт баромада, аз шукуфоиҳои он дидан карданд. 

«Ману Рустами Эмомалӣ шаҳрро бо мошин давр зада, аз назар гузаронидем ва дар рушди Душанбе дигаргуниҳои хеле бузурги мусбатро дидам. Мебинам, ки шаҳр чӣ гуна рушд мекунад, сохтмонҳо идома доранд. Роҳҳо, боғҳо, пиёдагардҳо — ҳама олӣ ҳастанд”,- таъкид кард ӯ.

Бунёди Маркази “Сириус”

Марат Хуснуллин масъалаи таъсиси монанд ба Маркази таълимии русии «Сириус» дар Тоҷикистонро баррасӣ дорад. Ӯ дар ин бора ба суоли хабаргузории “ТАСС” хабар дод.

«Мо мехоҳем, ки монанди “Сириус”, шакли васеъи мактаб ва унсурҳои Сириусро созем»,- гуфт Хуснуллин.

Вай зикр кард, ки ин масъаларо бо сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода баррасӣ кардааст. Ҳамчунин, дар ин бора зимни мулоқот бо Президенти Тоҷикистон низ пешниҳод намудааст.

Маркази таълимии “Сириус” аз ҷониби Фонди таълимии истеъдод ва муваффақият дар заминаи инфрасохтори олимпӣ бо ташаббуси президенти Русия Владимир Путин таъсис дода шудааст.

Бунёди мазкур 24-уми декабри соли 2014 аз ҷониби чеҳраҳои барҷастаи илм, варзиш ва ҳунари Русия таъсис ёфтааст. Мақсад аз таъсиси ин марказ барвақт ошкор кардан, рушд додан ва дастгирии кӯдакони лаёқатманд аст, ки дар соҳаи санъат, варзиш, табиатшиносӣ қобилиятҳои барҷаста нишон дода, инчунин дар эҷодиёти техникӣ комёбиҳо ба даст овардаанд.

300 ширкати русӣ дар бозори Тоҷикистон

Муовини сарвазири Русия Марат Хуснуллин мегӯяд, ки мубодилоти мол миёни Русия ва Тоҷикистон дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ 13% афзуда, тамоюли устувори болоравиро дорад. Ҳаҷми сармоягузории ҷамъшудаи Русия ба иқтисоди Тоҷикистон 130 млрд рублро ташкил додааст. Ӯ ин нуктаро дар мулоқот бо Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода изҳор дошт. Ба гуфтаи ӯ, дар бозори ҷумҳурӣ беш аз 300 ширкат бо корхонаҳои Русия фаъолият мекунанд.

«Мо аз таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ, илмию техникӣ ва фарҳангию гуманитарӣ самимона манфиатдорем»,- таъкид кард муовини сарвазир.

Зимнан, сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода қайд кард, ки самтҳои афзалиятноки рушди ҳамкориҳои иқтисодии ду кишвар тиҷорат, саноат, энергетика, нақлиёт, кишоварзӣ ва маориф мебошанд.

Тасмими Тоҷикистон

Коршиносон муътақиданд, ки сафари пайвастаи мақомдорони рус, аз ҷумла сарони блоки иқтисодии Русия ба Тоҷикистон водор кардани кишвари мо барои пайвастан ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё аст. Вале муовини сарвазири Русия Алексай Аверчук ин ҳадсро рад кард. “Москва то ҳол барои пайвастани Тоҷикистон ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё паёме нагирифтааст”,- гуфт ӯ зимни суҳбат ба РИА “Новости”.

Ба гуфти Оверчук, Русия Тоҷикистонро барои пайвастан ба ИИАО маҷбур карда наметавонад. “Москва ба шарикони худ бартариятҳои Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиёро нишон медиҳад. Вале тасмими ниҳоиро бояд худи Тоҷикистон бигирад”,- гуфт ӯ.

Ба ҳар навъ, дар пасманзари муносибати сарди кишварҳои Ғарб бо Русия Кремл муносибати иқтисодиро бо кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла бо Тоҷикистон беҳтар карданист. Сафарҳои пайвастаи ахири ҳайатҳои ду кишвар далели ин аст.

О. СОҲИБЗОДА

Мо ҳам омори муҳимтарин пружаҳои ҳамкории Русияву Тоҷикистонро ба шумо пешниҳод мекунем.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *