“Устураи фарҳанг ва ҳунари тоҷик”. Достони зиндагии Заур Дахте

Дар бораи рӯзгор ва корномаи Заур Дахте, филмбардори шинохта ва аксбардори маъруфи тоҷик китобе бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ ва ҳамчунин бо хати форсӣ таҳти номи “Устураи фарҳанг ва ҳунари тоҷик” ба чоп расид.

Китоби мазкурро рӯзноманигори шинохта Суҳроби Зиё таҳия кардааст.

Адибон, ҳунаршиносону рӯзноманигорон ва дӯстону пайвандон дар навиштаҳои хеш, ки вориди маҷмӯа шудааст, ба баррасии вежагиҳои шахсият ва ҳунари тасвирбардорӣ ва аккосии Заур Дахте пардохтаанд.

Ёдовар мешавем, ки Заур Дахте яке аз чеҳраҳои шинохтаи адабу фарҳанги ду асри охир маҳсуб меёбад. Ӯ соли 1936 дар Доғистон ба дунё омада ва аз соли 1937 то соли 1951 дар Эрон зиндагӣ кардааст. Баъдан ба Тоҷикистон омада, то имрӯз дар рушди фарҳанги тоҷик саҳм мегузорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *