Тавонмандсозии журналистон дар Тоҷикистон: таҳкими масъулияти касбӣ ва муқовимати иттилоотӣ

Дар пасманзари таҳдидҳои рӯзафзуни иттилоотӣ ва таҳдидҳои ифротгароии хушунатомез, дар чанде аз шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон – Истаравшан, Нуробод, Бохтар, Рӯдакӣ ва Душанбе силсилаи омӯзишҳои муҳиму саривақтӣ баргузор гардид.

Ин тренингҳо дар чорчӯби лоиҳаи “Таҳкими ҳамбастагии иҷтимоӣ” аз ҷониби ТҶ “АМВАОТ” бо дастгирии Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Канада баргузор гардид.

Аз иттилоот ба тафаккур: чаро ин омӯзишҳо муҳиманд?

Бо шиддатёбии рақобати геополитикӣ, паҳншавии идеологияҳои ифротӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ шакли боз ҳам мураккабтар мегиранд. Ин хатарҳо ба кишварҳое чун Тоҷикистон, ки қисми бештари аҳолиашро ҷавонон ташкил медиҳанд, таҳдид мекунанд.

Бинобар ин рушди андешаи интиқодӣ ва қобилияти шиносоӣ бо муҳтавои хатарзо аҳамияти муҳим дорад.

Маҳз ба ҳамин хотир, мавзӯи инъикоси масъулиятноки ифротгароии хушунатомез дар маркази ин тренингҳо қарор гирифт.

Дар омӯзишҳо, ки дар доираи татбиқи Стратегияи миллии муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2021–2025 ташкил шуданд, дар ҳар як минтақа беш аз 30 нафарӣ ширкат варзиданд.

Коршиносони иштирокчиёнро бо таҳлили ҷанбаҳои ҳуқуқӣ, ахлоқӣ ва амалии кор бо мавзӯъҳои ҳассоси ифротгароӣ ошно карданд.

Иштирокчиён дар ҷараёни машғулиятҳо ба таври амиқ бо мафҳумҳои калидӣ, аз қабили ахлоқи касбӣ, меъёрҳои ҳуқуқӣ, усулҳои шиносоӣ ва таҳлили муҳтаво, роҳҳои муқовимат ба фейкҳо ва таҳлили муҳтавои ифротгароёна шинос шуданд.

Омӯзиш дар минтақаҳо: дарки муҳимияти мавзуъ

Дар се рӯзи омӯзиш, иштирокчиён бо мавзӯъҳои гуногун, аз ҷумла фарқ миёни “тундгароӣ”, “ифротгароии хушунатомез” ва “терроризм”, шинос шуданд. Мафҳумҳои ҳуқуқӣ ва меъёрҳои ахлоқии кори журналистӣ дар ин бахш шарҳ дода шуд. Илова бар ин, малакаи санҷиши далелҳо ва шинохти манбаъҳои боэътимод, тарҳрезии маводҳои зиддиифротгароӣ ва таҳлили ғояҳои алтернативӣ низ омӯзонида шуд.

Дар шаҳри Истаравшан, ки оғози марҳилаи омӯзишӣ буд, диққати махсус ба се унсури калидӣ равона шуд: маърифати касбии рӯзноманигорон, истифодаи методологияи далелсанҷӣ (фактчекинг) ва нақши расонаҳо ҳамчун воситаи муқовимати фаъол бо таблиғоти ифротӣ.

Ҳангоми натиҷагирӣ, се нуқтаи асосӣ таъкид гардиданд:

  • якум, муҳимияти баланд бардоштани маърифати касбии рӯзноманигорон;
  • дуюм, шиносоӣ бо методологияи фактчекинг – санҷиши далелҳо, ки яке аз абзорҳои калидӣ дар кори ВАО мебошад;
  • сеюм, нақши расонаҳои масъул ҳамчун алтернативаи муҳтавои ифротӣ ва таҳрикдиҳандаи андешаи солим.

Дар ноҳияи Нуробод, ки омӯзиш бо ҳузури намояндагони ҳукумати маҳаллӣ оғоз ёфт, ба эҳсоси масъулияти шаҳрвандӣ ва ҳимоят аз арзишҳои миллӣ таъкид карда шуд.

Ҳисориён Зафар Абдусамад, муовини якуми раиси ноҳия дар оғози тренинг суханронӣ карда, аҳамияти омӯзиши ин мавзуъро ба иштирокчиён шарҳ дод.

“Мақсад, ҳадаф ва мароми ҳамаи мо ҳамин аст, ки мо ба наслҳои оянда як ҷомеа ва фазои бехатару сулҳу суботро боқӣ гузорем. Ин гуна омӯзишҳо ба манфиати кор хоҳанд буд”,- таъкид кард ӯ.

Дар шаҳри Бохтар ва ноҳияи Рӯдакӣ бошад, иштирокчиён дар машғулиятҳои гурӯҳӣ тавассути таҳлили ҳолатҳои воқеӣ ва баҳсҳои озод қобилияти тафаккури интиқодии худро рушд доданд. Ин ба онҳо имкон медиҳад, ки дар оянда муҳтавои ифротгароёнаро на танҳо шиносанд, балки бо далел ва таҳлил рад кунанд.

Яке аз иштирокчиён дар ноҳияи Рӯдакӣ гуфт, ки бояд ба ҷавонон тарзи истифодаи самараноки шабакаҳои иҷтимоиро омӯзонид.

“Аксари ҷавонон фарҳанги истифодаи шабакаҳои иҷтимоиро намедонанд. Чун зеҳни онҳо ҳама чизро зуд қабул мекунад, ғайриихтиёр фирефтаи доми ифротгароён мешаванд”,- гуфт ӯ.

Дар Душанбе, ки марҳилаи охирини ин силсилаи тренингҳо гузаронида шуд, омӯзиш бо дарки амиқи ҷанбаҳои иҷтимоӣ ва медиавии ифротгароӣ анҷом ёфт. Иштирокчиён на танҳо дониш, балки эътимоди бештар дар бораи нақши таъсирбахши худ дар ҷомеаро пайдо карданд.

Дилафрӯз Қурбонӣ, яке аз иштирокчиёни тренинг гуфт, барои муқовимат бо  ифротгароӣ тавассути ВАО бояд бештар аз роҳҳои алтернативӣ истифода бурд.

“Бояд кӯшиш кард, ки мафҳумҳое ба монанди “терроризм” ва “экстремизм”-ро кам истифода барем. Ба ҷойи ин метавонем қиссаи ҷавонони муваффақу фаъоли кишварро нақл кунем ё дар бораи имкониятҳои зиёди таҳсилу омӯзиш ва машғулиятҳои муфид нақл кунем. Яъне тавассути “ҳамлаҳои нарм” метавонем зеҳни ҷавононро ба роҳи нек равона кунем”,- афзуд ӯ.он доданд, ки фақат бо дониш на, балки бо тафаккури интиқодӣ ва малакаҳои таҳлил метавон ба хатари иттилоотии имрӯз посух дод..»

Дар фарҷоми омӯзишҳо, иштирокчиён як қатор тавсияҳоро барои такмил ва идомаи чунин ташаббусҳо пешниҳод намуданд. Аз ҷумла:

  • баргузории семинарҳо бо ҷавонони осебпазир ва фаъолони маҳаллӣ;
  • ташкили махзани доимии коршиносон дар ин соҳа;
  • ҷалби ВАО-и маҳаллӣ ба чорабиниҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ;
  • тайёр кардани волонтёрон ва ташкил кардани курсҳои такмили ихтисос барои рӯзноманигоро.

ВАО: алтернатива ба радикализм

Ифротгароӣ, ки бештари вақт дар ниқоби шиорҳои иҷтимоӣ ва динӣ пайдо мешавад, тавассути муҳтавои равшангароёна ва ахлоқии расона метавон рад карда шавад.

Маҳз ин нуқта дар маркази ҳамаи тренингҳо қарор дошт: журналистика бояд на танҳо хабар диҳад, балки тавзеҳ диҳад, на танҳо инъикос кунад, балки ташхис ва таҳлил намояд.

Дар шароити сели ахбороти бардурӯғ ва хатарҳои иттилоотии муосир, маҳорати далелсанҷӣ ва ахлоқи касбӣ шарти асосии масъулияти шаҳрвандии рӯзноманигор аст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *