Тазоҳурот дар Исроил
Ҳудуди 500 ҳазор нафар аз мардуми Исроил дар тазоҳурот алайҳи тағироти низоми судӣ дар ин кишвар ширкат карданд.
Танҳо дар Тел-Авив тахминан 250 ҳазор дар Ҳайфа тахминан 100 ҳазор нафар ҷамъ шуданд.
Ин яке аз бузургтарин тазоҳурот дар таърихи давлати Исроил тавсиф шудааст.
Тазоҳурот алайҳи барномаи ислоҳоти куллӣ низоми судӣ, ки давлат мехоҳад анҷом диҳад, тӯли даҳ ҳафта идома дорад.
Мунтақидон мегӯянд, тағйироте, ки давлат мадди назар гиирфтааст, низоми демократии ин кишварро суст хоҳад кард.
Шарҳ