Тағироти кадрӣ. Ду муовини нави раиси Исфара, онҳо кистанд?
Дар мувофиқа бо Президенти Тоҷикистон Илёс Ҳамзазода ва Парвина Хуршедзода муовинони нави раиси шаҳри Исфара таъин шудаанд. Дар ин бора хадамоти матбуотии МИҲД-и шаҳр хабар медиҳад.
Муовинони нав кистанд?
Ҳамзазода Илёс Аббос 44 сол дорад. Аз рӯйи ихтисос байтор мебошад. Академияи байтории шаҳри Қазонро хатм карда ва солҳо дар Раёсати кишоварзии шаҳри Исфара фаъолият кардааст. Ӯ аз соли 2022 сардори Раёсати кишоварзии шаҳр буд.
Ҳамзазода дар вазифаи нав ҷойгузини Муҳаммад Муҳиддинзода шуд. Агентии давлатии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсия чанд моҳ пеш ба муқобили Муҳиддинзода ва чанд мансабдори дигар барои фурӯши замин парвандаи ҷиноятӣ боз карда буд. Суди шаҳри Исфара ӯро 24 ҳазор сомонӣ ҷарима кард. Бо вуҷуди ин, Муҳиддинзода чанд моҳи дигар дар вазифааш кор кард.
Парвина Хуршедзода дар вазифаи муовини раиси шаҳри Исфара Мадина Бобоиёнро, ки моҳи марти соли равон вакили Маҷлиси намояндагон интихоб шуд, иваз кард.
Хуршедзода 40 сол дорад ва аз рӯйи ихтисос ҳуқуқшинос мебошад. Баъди хатми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар идораҳои гуногуни шаҳри Исфара, аз ҷумла шуъбаи корҳои дохилӣ, прокуратура, хадамоти шиносномадиҳӣ ва бонк кор кардааст. Аз соли 2022 раиси ҷамоати деҳоти Навгилем буд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ