Шаҳрвандони Эрон аз сабти номи ҳатмӣ дар Тоҷикистон озод шуданд

Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дод, ки минбаъд шаҳрвандони Ҷумҳурии Исломии Эрон метавонанд то 30 рӯз бидуни сабти номи ҳатмӣ дар қаламрави Тоҷикистон иқомат кунанд.

Қарори нав тағйирот ба қарори қаблии ҳукумат ворид карда, тартиби воридшавӣ, иқомат ва транзити шаҳрвандони хориҷӣ ва афроди бешаҳрвандро дар кишвар осон мекунад.

Мақомоти Тоҷикистон умедворанд, ки ин иқдом ба густариши равобити сайёҳӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ бо Эрон мусоидат мекунад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *