Ошкори беш аз 191 тонна маҳсулоти бесифат

Дар давоми чор моҳи аввали соли равон Агентии “Тоҷикстандарт191,7 тонна маҳсулоти ғайристандартӣ ва бесифатро дар бозорҳо ва дӯконҳои кишвар ошкор намудааст.

Тибқи маълумоти расмии ин ниҳод, маҳсулоти ошкоргардида аз навъҳои гуногун, аз ҷумла гӯшт, равғани растанӣ, шириниҳо, нӯшокиҳои спиртӣ ва ташнагишикан, намак ва дигар маҳсулоти хӯрокворӣ иборат мебошанд. Ҳаҷми маҳсулоти ғайристандартӣ чунин мебошад:

– маҳсулоти гӯштӣ – 11 тонна;

– равғани растанӣ – 1,3 тонна;

– нӯшокиҳои спиртӣ – 725 литр;

– нӯшокиҳои ғайриспиртӣ (ташнагишикан) – 1122 литр;

– маҳсулоти қаннодӣ (ширинӣ) – 267 килограмм;

– намак – 30 895 килограмм ва боқимонда дигар маҳсулот аст.

Ҳамаи ин маҳсулот дар озмоишгоҳҳои “Тоҷикстандарт” мавриди ташхис қарор гирифта, ғайристандартӣ арзёбӣ шудаанд.

Қисми зиёди ин маҳсулот воридотӣ буда, бо стандартҳои амалкунанда мутобиқ набудаанд. Нисбат ба воридкунандагон ва фурӯшандагони ин маҳсулоти бесифат чораҳои маъмурӣ андешида шудаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *