Байни Трамп ва Маск чӣ гузашт?

Миллиардер Илон Маск дар шабакаи Х президенти ИМА Доналд Трампро интиқод кард. Трамп қаблан гуфта буд, ки аз Маск дилсард шудааст. Муносибати ин ду чеҳраи таъсиргузор дар Амрико ва ҷаҳонро дар ҳафтаи охир метавон чун масали тоҷикӣ – “аз байнашон гурбаи сиёҳ гузашт” арзёбӣ кард.

Маск дар посух ба Трамп навишт: “Бе ман Трамп дар интихобот мағлуб мешуд, демократҳо Маҷлиси намояндагонро таҳти назорат мегирифтанд ва ҷумҳурихоҳҳо дар Сенат мағлуб мешуданд. Чӣ носипосӣ”.

Изҳороти Маск баъди он нашр шуд, ки дар як нишасти хабарии рӯзи панҷшанбе дар Кохи Сафед Трамп гуфт, ки аз танқидҳои Маск дар робита бо тарҳи қонуне, ки дар он барномаи иқтисодии президент дарҷ ёфтааст, “ҳайратзада” ва “дилсард” шуд.

“Ман аз он ҷиҳат дилсард шудам, ки Илон дар бораи кор сари таҳияи қонун аз онҳое ҳам, ки ин ҷо нишастаанд, аз шумоён ҳам бештар маълумот дошт. Дар бораи ҳама чиз огаҳ буд. Ҳеҷ мушкиле бо ин масъала надошт”,- гуфт Трамп дар нишасти матбуотии муштаракаш бо садри аъзами Олмон Фридрих Мертс рӯзи 5-уми июн. Ӯ афзуд, “ногаҳон ӯ фаҳмид, ки мушкиле пеш меояд ва он ҳам баъди он ки фаҳмид, мо бояд маблағгузории соҳаи электромобилҳоро коҳиш диҳем”.

Маск баъд дар як изҳороте дар шабакаи Х навишт, ки матни қонунро то замони қабули он надида буд. «Ба ман ҳеҷ гоҳ ин тарҳи қонунро нишон надоданд ва он чунон зуд қабул шуд, ки касе ҳам дар Конгресс барои хондани он дуруст вақт надошт».

Маск аъзои ҳизби ҷумҳурихоҳ ва президентро барои фосилагирӣ аз сиёсати эълоншудаи коҳиши камбуди буҷа танқид кард. Трамп дар посух гуфт, ки «оддитарин роҳи кам кардани буҷа» ин бекор кардани ҳама созишу барномаҳои дастгирии ширкатҳои Маск мебошад. Трамп дар Truth навишт: “Ҳамеша аз он дар ҳайрат будам, ки Байден ҳамин корро накард”.

Ба ин навишта Илон Маск гуфт, ширкати SpaceX барномаи киштии кайҳонии “Дрэгон”-ро мебандад, ки кайҳоннавардонро ба истгоҳи кайҳонӣ интиқол медиҳад.

Баъди ин ҷанҷоли лафзии Трампу Маск қимати саҳоми ширкати Tesla, ки ба миллиардер Маск марбут аст, то 15% коҳиш ёфт ва ин поинтарин уфти саҳом барои як рӯз дар давоми се моҳи охир дониста мешавад. SpaceX дар бозори саҳом иштирок намекунад. Маск барои маъракаи интихоботии Трамп беш аз 250 миллион доллар сарф карда, дар маъмурияти ӯ кор кардааст.

Илон Маск рӯзи 30-юми май маъмурияти Трампро тарк кард. Он ҷо ӯ давоми 130 рӯз раҳбарии идораи муассирияти кори ҳукумат (DOGE)-ро раҳбарӣ мекард. Ин идораро бо мақсади кам кардани хароҷоти ҳукумат таъсис доданд. Баъди хатми давраи кор Трамп ба Маск калиди тиллоии рамзии Кохи Сафедро ҳамчун аломати сипос барои кораш тақдим намуд.

Расонаҳои амикоӣ чанд рӯз пеш ба сиёҳии зери чашми Маск ишора карда навиштанд, ки ӯ зимни баррасии қонун бо вазири иқтисоди ин кишвар бархӯрд карда, аз ӯ мушт хӯрдааст.

Танишҳои лафзӣ байни Илон Маск ва Доналд Трамп мавзӯи меҳварии расонаҳо дар чанд рӯзи охир буд. Ҳатто падари Маск писарашро ба сабурӣ даъват кард. Ахиран миллиардер ва соҳиби шабакаи X аз бархе навиштаҳояш дар шабакаи иҷтимоии зери назараш дар нисбат ба Доналд Трамп, президенти ИМА узрхоҳӣ кард.

Ӯ дар навиштае аз рӯзи 11-уми июн дар саҳифааш дар шабакаи X гуфтааст, ки пушаймон аст ва дар бархе навиштаҳояш “аз ҳад гузарондааст”.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *