Тағйироти кадрӣ дар якчанд сохтори қудратии Тоҷикистон

16 январ президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар якчанд сохторҳои қудратии кишвар тағйироти кадрӣ анҷом дод.

Ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, таъйинот дар Вазорати мудофиа, Гвардияи миллӣ, Қушунҳои сарҳадӣ, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлия сурат гирифт.

Тибқи қарорҳои қабулшуда, ба вазифаи муовини якуми сардори Муассисаи давлатии «Мададгори мудофиа»-и Вазорати мудофиа, ҳамчунин ба вазифаҳои роҳбарӣ дар дастгоҳи марказии Вазорати мудофиа ва Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳ, Қушунҳои сарҳадӣ, Гвардияи миллӣ, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлия кадрҳои нав таъйин шуданд. Инчунин, ҳайати фармондеҳии ҷузъу томҳои низомии сохторҳои мазкур низ нав карда шуд.

Дар баробари ин, ба вазифаи комиссарони ҳарбии шаҳру ноҳияҳои Мир Саид Алии Ҳамадонӣ, Данғара, Вахш, Абдурраҳмони Ҷомӣ, Ёвон ва Шаҳристон кадрҳои нав таъйин гардиданд.

Дар хабари расмӣ аз ин кадрҳои навтаъйин ном бурда нашудааст.

Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ ва суҳбат бо кадрҳои навтаъйиншуда ҳолати омодагии Қувваҳои Мусаллаҳ ва дигар сохторҳои марбутро дар пасманзари авзои минтақа ва ҷаҳон мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода, барои ҳар як ниҳод вазифаҳои мушаххас гузошт.

Ба масъалаҳои тақвияти ҳифзи сарҳади давлатӣ, пешгирӣ аз сарҳадшикании мусаллаҳона, қочоқи аслиҳа ва маводи мухаддир, боло бурдани омодагии доимии Қувваҳои Мусаллаҳ, забономӯзӣ, аз худ кардан ва истифодаи техникаву лавозимоти муосири ҷангӣ, инчунин гузаронидани машқу тамринҳои пайваста таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.

Сарвари давлат ҳамчунин таъкид кард, ки муносибат бо сарбозон ва кормандон бояд бар пояи эҳтиром ва ҳамдигарфаҳмӣ сурат гирад, то фазои дӯстӣ ва бародарӣ миёни хизматчиёни ҳарбӣ ва роҳбарони воҳидҳои низомӣ таҳким ёбад.

Дар поён, доир ба иҷрои босифати уҳдадориҳои хизматӣ дар ҳар як аз сохторҳои номбурда дастуру тавсияҳои иловагӣ дода шуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *