Тақдими “Шоҳнома” ба сокинони ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ раванди тақсими китоби безаволи Абулқосим Фирдавсӣ – “Шоҳнома” ба сокинон оғоз гардид.
Раиси ноҳия бо ҳамроҳи номояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чанд нусхаи китобро шахсан ба хонаводаҳо тақдим намуданд.
Ба иттилои масъулон, барои сокинони ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ зиёда аз 56 ҳазор нусха китоб ворид гардида, феълан паҳн намудани онҳо миёни аҳолӣ идома дорад.
Ин ташаббус ҳамчун арҷгузорӣ ба мероси гаронбаҳои адабӣ ва арзишҳои миллӣ сурат гирифта, бо ҳидоят ва дастгириҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳар як хонадони кишвар расонида мешавад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ