Тақвими рӯз: Аз мавлуди Ҳалимов то Рӯзи себу ширинӣ дар ҷаҳон

Имрӯз, 21   октябр мавлуд доранд:

Сайфура Зоҳирова (1921), 100-солагии зодрӯзи пахтакор, Қаҳрамони меҳнати Сотсиалистӣ.

Марианна Фофанова (1921), 100-солагии зодрӯзи шоира, мутарҷим, Корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон.

Мафтун Ҷӯра (1951-2008), 70-солагии зодрӯзи шоири узбекзабони Тоҷикистон, мутарҷим.

Мӯъминҷон Ҳалимов (1936-1984), 85-солагии зодрӯзи олими соҳаи тиб.

Алим Шоҳмамадов (1951), 70-солагии зодрӯзи олими соҳаи физика.

21 октябр таҷлил карда мешавад:

Дар ИМА — Рӯзи ширинӣ.

 ***

Дар Британияи Кабир —  Рӯзи себ

Рӯйдод:

 21 октябри соли 2009, дар Душанбе намояндагии Бонки Авруосиёии Рушд ифтитоҳ гардид.

***

21 октябри соли 2014 Донишгоҳи (славянии) Тоҷикистону Россия ва Донишгоҳи «Сока» — и  Япония созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расониданд.

***

21 октябри соли 1994 Академияи телевизионии Россия ҷоизаи ҳамасолаи «ТЭФИ»-ро таъсис дод.

***

21 октябри соли 1997 Президенти вақти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев дар бораи аз 10 декабри ин сол пойтахти нави ин кишвар эълон кардани шаҳри Акмола, ки баъдан номи Остонаро гирифт (ҳоло Нур-Султон), қарор қабул намуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *