Таҳсил бо SMART TV ва 250 камера. Омори нав аз ДДТТ

Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон соли таҳсили 2025-ро бо 4016 донишҷӯ ҷамъбаст кард. Тавре ки ректори донишгоҳ Хайрулло Назарзода зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод, аз ин шумора 2345 нафар дар таҳсили рӯзона, 1615 нафар дар таҳсили фосилавӣ ва 56 нафар дар магистратура таҳсил доранд.

Донишгоҳ мутахассисонро аз рӯйи 36 ихтисоси бакалавр, 10 магистратура, 13 ихтисоси PhD ва 7 ихтисоси таҳсилоти олии дуюм омода мекунад. Раванди таълим бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ба роҳ монда шудааст.

Соли 2025 дар маҷмӯъ 845 нафар донишҷӯ донишгоҳро хатм карда, 11 нафари онҳо соҳиби дипломи аъло гардиданд.

Барои таълими донишҷӯён донишгоҳ дорои 7 бино, 142 синфхона бо 4722 ҷои нишаст, 8 синфхонаи компютерӣ, 3 синфхонаи лингафонӣ, 3 осоишгоҳи таълимӣ, китобхонаи илмӣ, 250 камераи назоратӣ ва 8 SMART TV мебошад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *