Таҷлили Рӯзи Иқбол дар ДМТ

Бахшида ба 149–солагии аллома Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ бо ташаббуси кафедраи филологияи Ҳинди факултети забонҳои Осиё ва Аврупои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо иштироки сафири Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Тоҷикистон ҷаноби Муҳаммад Саид Сарвар маҳфили адабии “Рӯзи Иқбол” баргузор гардид.

Чорабиниро декани факулети забонҳои Осиё ва Аврупо, дотсент Сайдализода Ш. оғоз бахшида, баъдан муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ, профессор Ғаффорзода И. перомуни ҳамкориҳои ду кишвари бо ҳам дӯст андешаронӣ кард. Иброз гардид, ки муносибатҳои дӯстонаи Тоҷикистон бо кишвари Покистон дар соҳаҳои гуногун сол то сол густариш меёбанд. Дар ин раванд саҳми роҳбарони олии ин кишварҳо назаррас аст. Гуфта шуд, ки Муҳаммад Иқбол бузургтарин шоири асри ХХ-и на фақат Ҳинду Покистон, балки тамоми кишварҳои Осиё ба шумор меравад. Асарҳои ба забони урду ва форсӣ эҷод кардаи Иқбол чӣ аз ҷиҳати мазмун ва чӣ аз ҷиҳати шакл дар адабиёти урдуву форсизабонони Ҳинду Покистон мавқеъ ва мақоми махсусе дорад.

Зимнан сафири Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Тоҷикистон ҷаноби Муҳаммад Саид Сарвар суханронӣ намуда, зикр кард, ки “Аллома Иқбол шоири боистеъдод, донишманди барҷаста ва файласуфи бузург буд. Ашъори Аллома Иқбол паёми умумибашарӣ дорад ва ба ин тартиб ӯ орзуи беҳбудии тамоми башариятро дошт. Асарҳои шоирона ва фалсафии ӯ ба ҳар кас писанд меояд.

Дар идома, доктори илмҳои филологӣ, профессор Раҷабов Ҳабибулло, сардори Раёсати кишварҳои Осиё ва Уқёнуси Ороми Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Ҷонон, ходими пешбари Маркази Шарқшиносӣ ва мероси хаттии АМИҶТ, Алии Муҳаммад Хуросонӣ, профессори кафедраи филологияи Эрон Умар Сафар ва профессори кафедраи забони англисӣ ва типологияи муқоисавии Донишгоҳ Маманазаров Абдусалом аз ҳаёт ва эъҷодиёти Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ маърӯзаҳо намуданд.

Таъкид гардид, ки Иқболи Лоҳурӣ шоир, мутафаккир ва орифи бузурги Шарқ ба шумор меравад. Паёми ӯ натанҳо барои мардуми машриқзамин, балки барои ҷаҳониён метавонад роҳкушову роҳнамо бошад.

Дар охир чанде аз донишҷӯёни ихтисоси урду аз ашори гаронмояи Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ бо забони урду ва тоҷикӣ шеърҳои маҳбубу машҳури ӯро, ки муҳтавояшон саршор аз ваҳдату дӯстӣ, сулҳу осоиштагӣ ва хулқу атвори неки инсонӣ буданд, ироа намуда, аз ҷониби Сафир бо туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ шуданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *