Таҷлили Рӯзи мақомоти молия

Дар вилояти Хатлон, Рӯзи кормандони мақомоти молия таҷлил карда шуд.
Ба ин муносибат дар Сарраёсати Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.


Дар ҷамъомад Чиллазода Аъзамҷони Қарахон, сардори Сарраёсати Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон афзуд, ки Рӯзи кормандони мақомоти молия ҳамчун иди расмӣ бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қабул гардидааст ва ҳамасола таҷлил карда мешавад.
Зикр шуд, ки сиёсати устувори молиявӣ, ки аз ҷониби Роҳбари давлат роҳнамоӣ мешавад, омили асосии рушди иқтисоди миллӣ мебошад.
Таъкид гардид, ки таҳияи буҷети давлатӣ, назорати истифодаи самараноки маблағҳои буҷетӣ, маблағгузории саривақтии соҳаҳои иҷтимоӣ ва рушди инфрасохтор аз самтҳои муҳими фаъолияти мақомоти молиявӣ маҳсуб меёбанд.

Дар охир бо мақсади қадрдонӣ аз хизматҳои арзанда як қатор кормандони соҳа бо Ифтихорнома ва Сипосномаҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва Сарраёсати мавриди назар қадрдонӣ шуданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *