Tcell ва BIMA Insurance опсияи суғуртаи таҷҳизоти мобилиро пешниҳод мекунанд!

Оператори пешсаф ва навовари кишвар — Tcell ва ширкати суғуртаи BIMA Insurance опсияҳои суғуртавии “МобиҲимоя” (МобиХранитель) ва “МобиҲимоя плюс” (МобиХранитель плюс) -ро барои суғуртаи таҷҳизоти мобилӣ дар ҳолати гум шудан, ё вайрон шудан ҳангоми истифода пешниҳод менамоянд!

Чунин намуди бима беназир аст ва бори аввал дар Тоҷикистон татбиқ мешавад. Бо опсияҳои васлшудаи “МобиҲимоя” ва “МобиҲимоя плюс” Шумо дар бораи бехатарии таҷҳизоти мобилӣ ва телефонҳоятон хавотир намешавед. Тартиби бима хеле содда аст: барои пайвастшавӣ ба марказҳои хизматрасонии муштариёни Tcell муроҷиат кардан лозим аст.

Опсияи “МобиҲимоя” ҳифзи молиявии таҷҳизоти мобилии нав харидашударо ҳангоми гум шудан, ё нобудшавӣ аснои истифодабарӣ таъмин менамояд. Хавфҳои суғурта иборатанд аз сӯхтор, таркиш, обхезӣ, офатҳои табиӣ, ҷиноятҳои моликият, дуздӣ, пасту баландшавии шиддати барқ. Дар сурати корношоям ва ё пурра вайрон шудани таҷҳизоти мобилӣ, агар он бима шуда бошад, ташкилоти суғуртавии BIMA Insurance ӯҳдадор мешавад, ки таҷҳизоти мобилиро барои таъмир ба маркази хизматрасонӣ, ё ҷуброн дар ҳолати комилан вайрон шудани мол барқарор кунад.

Опсияи “МобиҲимоя плюс” барои телефони мобилии харидашуда ҳимояи молиявиро фароҳам меорад. Хавфҳои суғурта иборатанд аз сӯхтор, таркиш, зарари механикӣ (дисплейи телефон). Дар сурати корношоям ва ё пурра вайрон шудани телефони мобилӣ, агар он бима шуда бошад, ташкилоти суғуртавии BIMA Insurance ӯҳдадор мешавад, ки телефони мобилиро тавассути фиристодан ба маркази хидматрасонӣ барои таъмир, ё ҷуброн дар ҳолати комилан вайрон шудани мол барқарор кунад.

Арзиши опсияҳо мутаносибан 150 ва 300 сомониро ташкил медиҳад. Опсияҳо дар тӯли 12 моҳ аз рӯзи фаъолшавӣ эътибор доранд ва маблағи суғурта 3000 сомониро дар бар мегирад.

Дар ҳолати рух додани ҳодисаи бимавӣ, муштариён метавонанд ба яке аз идора ё бахшҳои ширкати суғуртаи BIMA Insurance муроҷиат кунанд.

Тафсилоти бештар: https://www.tcell.tj, http://bima.tj/  ва ё тавассути рақами кӯтоҳи 5511.

 ___________________

  Tcell –  бузургтарин ширкати мухобиротӣ дар Тоҷикистон аст, ки саҳмдори ягонаи он Хазинаи Оғохон оид ба рушди иқтисодӣ (AKFED) мебошад. AKFED — Агентии рушди байналмилалии пешбурди соҳибкорӣ ва таъсиси корхонаҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ қобил. AKFED яке аз оҷонсиҳои системаи AKDN аст, ки барои беҳтар намудани имкониятҳо ва шароити зиндагии мардумони кишварҳои рӯ ба рушд тарҳрезӣ шудаааст. Оҷонсии AKDN барои некӯаҳволии ҳамаи шаҳрвандон, сарфи назар аз миллат, ҷинс ва ё дин фаъолият мекунад. Ҳадафи оҷонсии AKDN мусоидат ба рушди иқтисоди фаъол, сиёсӣ устувор, гуногунандешӣ ва фарҳангӣ таҳаммулпазирӣ дар Тоҷикистон аст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *