Темур Раҳимов

Темур Раҳимов дар радабандии IJF якум аст

Темур Раҳимов 8-уми июли соли 1997 дар ноҳияи Рўдакии Тоҷикистон таваллуд шудааст. Ў дар синни шашсолагӣ ба куштӣ шуруъ кардааст. Ба гуфтаи худаш, вақте бобояш Рустам Абдураҳмонов ўро ба тамрин ташвиқ карда будааст, вай хеле хурд будааст.

Темур Раҳимов яке аз серунвонтарин паҳлавонони Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Темур аввал дар мактаби маъруфи устоди куштӣ Худойназар Боқиев таълим гирифтааст. Сипас, тамринро дар Мактаби варзишии кўдакону наврасони захираҳои олимпии ноҳияи Рўдакӣ зери роҳбарии Устоди фахрии Тоҷикистон Мустақим Аминов идома додааст. Ҳоло узви дастаи мунтахаби ҷудои Тоҷикистон аст.

Ў аввалин бор соли 2011 дар мусобиқаи ҷаҳонӣ ширкат кардааст. Ин дар Қазоқистон буд, ки дар набарди якум пирўз шуд, аммо дар дуюм ноком гашт.

Солҳои охир ў дар чандин мусобиқаи дохиливу хориҷӣ соҳиби медалҳои гуногун шудааст. Ў дар мусобиқоти Осиё, мусобиқаҳои байналмилалии Тоскӯлоҳи Бузург ва дигар мусобиқаҳои сатҳи ҷаҳонӣ шарафи Тоҷикистонро ҳимоя кардааст. Барандаи медалҳои нуқра дар Ал-Фуҷайра (2019), биринҷӣ дар Бишкек (2021), нуқра дар Боку (2021), биринҷӣ дар Абу-Забӣ (2021), тилло дар Боку (2022), биринҷӣ дар Тел-Авив (2022) ва Гран Прии Мағриб (2019) аст. Дар Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2020 дар Токио ширкат кардааст, ки дар маросими ифтитоҳи он парчамбардори дастаи мунтахаби Тоҷикистон буд.

Дар мусобиқаи байналмилалии Judo Grand Slam Baku-2022 барандаи медали тиллои ин мусобиқа шудааст. Вай ҳарифонаш аз Исроил, Гурҷистон, Финландро мағлуб карда, ба финал баромад. Дар финал ўзбекистонӣ Алишер Юсуфовро ноком кард ва якум шуд.

Темур Раҳимов дар мусобиқаи Masters, ки охири соли гузашта дар Байтулмуқаддас (Исроил) баргузор шуд, медали нуқра ба даст овард. Дар мусобиқаи Исроил беш аз 300 ситораи ҷудо аз тамоми ҷаҳон ширкат карданд. Дар набард Темур Раҳимов дар вазни +100 кг ба финал баромад ва аз варзишгари ҷопонӣ Тасуро Сайто шикаст хўрд. Ин аввалин медали Тоҷикистон аз мусобиқаи Masters аст.

Ҳанўз соли 2014 Темур Раҳимов мувофиқи радабандии Федератсияи байналмилалии ҷудо миёни кадетҳо дар вазни аз 90 кг боло аввал шуда буд. Ҳол ў дар радабандии ҷаҳонӣ миёни бузургсолон дар вазни +100 кг бо 6024 имтиёз дар зинаи аввал аст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *