Тифли 8-килогӣ рекорди Рустамро дар Кӯлоб такрор кард

8 июли соли 2018  дар таваллудхонаи шаҳри Кӯлоб тифле бо 8 килограмм вазн ба дунё омад. Духтурони ин бемористон мегӯянд, ки дар таърихи Тоҷикистон чунин тифл бо ин вазн ба қайд гирифта нашудааст ва ин тифл «рекорд» гузоштааст.

Ба гуфтаи Рухсорамо Муродова, духтури навзодони таваллудхонаи шаҳри Кӯлоб, ки ин тифли 8 килогӣ бо буришӣ қайсарӣ ба дунё омад. Қади ин писарчаи навзод 60 сантиметрро буда, саломатиаш мӯътадил аст. «Аз сабабе, ки вазнинтан буд, мо аз оксиген истифода мебурдем, вале ҳозир худаш мустақилона нафас мегирад. Дар рӯзи таввалуд шудан, 8 килограмм буд, аммо бо гузашти як ҳафта вазнашро партофта, ҳоло 7 кг 200 грамм шудааст», — афзуд Р. Муродова.- Дар тиб вазни миёнаи муқаррарии тифли навзод то 4 килограмм ҳисоб мешавад. Аз 4 килограмм зиёд калонҷусса ҳисоб мешаваду аз 5 зиёд азимҷусса ҳисоб карда мешавад, аммо 8 килограмро бори аввал мебинем».

Модари 30-солаи ин навзод Таҳмина Одинаева, сокини деҳаи Корези ҷамоати Зиракии Кӯлоб то ин замон чор фарзанд ба дунё овардааст, ки ҳангоми таваллуд аз 3 то 4 килограмм вазн доштаанд. Таҳмина Одинаева худашро хуб ҳис мекунад ва бо вуҷуди вазнин будани тифл дар батнаш, бовар надошт, ки писараш 8 килограм ба дунё меояд. Одинаева гуфт, ки чор фарзанди дигарашро аз 4,500 грам то 3,800 ба дунё оварда буд.

Дар Тоҷикистон таваллуди навзодон дар маҷмӯъ бо вазни аз 1,500 то 5,500 грамм ба қайд гирифта шудааст. Мутахассисони соҳаи тиб мегӯянд, ки бо чунин вазн ин тифл «рекорд» гузоштааст.

Искандаршоҳ Худойназаров,  падари навзод ба табибони таваллудхонаи шаҳри Кӯлоб миннатдорӣ изҳори  кард, аммо бо вуҷуди «рекордӣ» будани кӯдакаш, то ҳол шаҳрдорӣ барои таманиёташон наомадааст.

Искандаршоҳ Худойназаров қаноатмандона гуфт, ин писараш шояд аз пушти бобокалонаш рафтааст, ки ӯ як марди боҳайбат ва гуштигир будааст. Ин мард зиндагии фақиронаашро аз ҳисоби муҳоҷирати меҳнатиаш дар Русия пеш  мебарад. Умед дорад, ки фарзандаш бузург шуда, як паҳлавони номдор ва номбардорӣ ватан мешавад.

Дар омади гап, Рустами Достон бо вазни беш аз 8 кило бо буришӣ қайсарӣ ба дунё омада будааст.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *