Тиллои Мижгона ба ивази муштзанӣ

Муштзани шинохтаи тоҷик Миҷгона Самадова дар мусобиқаи байналмилалии “Ҷоми ҷаҳон миёни кишварҳои истеҳсолкунандаи нефт” сазовори медали тилло шуд. Самадова барои расидан ба зинаи аввал имрӯз 11 декабр бо варзишкори муғул Мунгунсаран Балсан вориди майдон шуда, дар ниҳоят пирӯз ва медали тиллоро ба даст овард То расидан ба медали тилло Миҷгона Самадова чор ҳарифашро шикаст дод. Самадова дар даври аввали Ҷоми муштзании ҷаҳонӣ бар варзишгари муғул Мишидма Эрденеделай пирӯз шуд ва дар марҳилаи баъдӣ ҳарифаш Моника Серафини лаҳистониро низ шикаст дод. Дар бахши ниманиҳоӣ бошад, Миҷгона бар варзишгари рус Малика Шаҳидова дастболо шуда ва дар марҳилаи финалӣ низ варзишкор аз Муғулистон Мунгунсаран Балсанро шикаст дод. Мусобиқа аз рӯи 13 категорияи вазнӣ миёни мардҳо ва 6 категорияи вазнӣ миёни бонувон доир шуда, дар он 139 варзишгар (105 мард, 34 зан) аз 16 давлат ширкат карданд. Дар ин мусобиқа ҳамзамонварзишгарони дигари кишвар аз қабили Акбаралӣ Абдураҳмонзода, Абдураҳмон Ёқубов, Шамшер Саидов, Наврӯз Ҷафоев, Сулаймон Нидоёров ва миёни занҳо Шоира Зулқайнарова ширкаст доштанд, ки мутаассифона дар марҳилаҳои аввал ноком шуданд.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.