Тими миллии Тоҷикистон дар Тайланд бо Тринидад ва Тобаго бозӣ мекунад (аудио)

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон таҳти роҳбарии мутахассиси хорватӣ Петр Сегрт дар даври ниманиҳоии мусобиқаи байналмилалии «King’s Cup 2022» дар Тайланд бо тими миллии Тринидад ва Тобаго бозӣ мекунад.

Бино ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, мусобиқаи байналмилалии «King’s Cup 2022» аз 22 то 25-уми сентябр дар шаҳри Чиангмайи Тайланд баргузор мешавад. Дар даври ниманиҳоии мусобиқот тими миллии Тоҷикистон бо Тринидад ва Тобаго ва яккачини Тайланд бо дастаи Малайзия вомехӯрад. Бозиҳои даври 1/2 ниҳоӣ 22-юми сентябр доир мегарданд.

Гуфта мешавад, ки ғолибони даври ниманиҳоӣ рӯзи 25-уми сентябр дар финал ва дастаҳои мағлубшуда барои медалҳои биринҷӣ мубориза мебаранд. Ҳамаи вохӯриҳои мусобиқа дар варзишгоҳи «The 700th Anniversary of Chiang Mai» баргузор мешаванд.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.