Тоҳир Муминов аз вазифаи сармураббии «Регар-ТадАЗ» истеъфо дод
Дастаи футболи «Регар-ТадАЗ»-и шаҳри Турсунзода аз қатъ шудани ҳамкории даста бо мутахассиси ватанӣ Тоҳир Муминов хабар дод.
Тоҳир Муминов пас аз чор моҳи фаъолият дар дастаи “Регар-ТадАЗ” бо хоҳиши худ аз мақоми сармураббигии ин даста истеъфо додааст. Дар ин бора дафтари матбуоти тими шаҳри Турсунзода хабар додааст. Пас аз истеъфои сармураббӣ ҷонибҳо ба хулосае омаданд, ки қарордоди ҳамкориро бо розигии тарафайн қатъ кунанд.
Тоҳир Муминов дар ин мақом Зайниддин Раҳимовро иваз карда буд. Ба ҷойи ў дар ин вазифа Алишер Тухтаев омад. Роҳбарияти даста муҷаввизи дараҷаи PRO доштани Тухаверо ба инобат гирифта, ўро ба кор даъват кардаанд, зеро «Регар» дар Лигаи дуюми чемпионҳои Осиё ширкат мекунад.
Дар мавсими имсолаи Лигаи олӣ ин сеюмин истеъфои сармураббиҳо мебошад. Қаблан, дастаҳои “Ҳосилот” ва “Истаравшан” пас аз натиҷаҳои ғайриқаноатбахш аз мураббиҳои худ ҷудо шуда буданд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ