Тоҷиддин ҶӮРАЗОДА, раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати ҶТ

Зиндагинома. Тоҷиддин Ҷӯразода 16-уми феврали соли 1970 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси забон ва адабиёти ҳиндӣ хатм намудааст. Аз соли 1998 то 2001 Донишкадаи андоз ва ҳуқуқро бо ихтисоси иқтисодчӣ хатм намудааст. Забонҳои русӣ, англисӣ, ҳиндӣ ва урдуро медонад.

Фаъолияти корӣ. Солҳои 1993-1994 роҳбари кабинети лингофонии кафедраи забон ва адабиёти ҳиндии факултаи «Забонҳои шарқ»-и Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон.

Солҳои 1994-1996 тарҷумони забони англисӣ дар корхонаи «Суман», шаҳри Душанбе.

Солҳои 1996-2001 мутахассиси пешбар, сармутахассиси шуъбаи тарҷумаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Солҳои 2001-2003 сармутахассиси шуъбаи робита бо кишварҳои хориҷии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Солҳои 2003-2005 мушовири лоиҳаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба навсозиҳои институтсионалии IBTA-2 оид ба идоракунии давлатӣ.

Солҳои 2004-2007 ҳамоҳангсози Лоиҳаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таҳкими потенсиали идоракунии раванди рушд, ки аз ҷониби Агентии Япония оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ дастгирии техникӣ ёфтааст.

Солҳои 2006-2007 ходими хурди илмии Пажуҳишгоҳи иқтисодиёти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Солҳои 2007-2014 ҳамоҳангсози Гуруҳи ислоҳоти идоракунии давлатии назди Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Солҳои 2014-2019 ходими пешбари Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Солҳои 2015-2016 муаллими фанни идоракунии маҳаллии Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Солҳои 2015-2017 муовини раиси Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Солҳои 2017- 2020 муовини вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Аз соли 2020 то имрӯз раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Унвони илмӣ. Номзади илми иқтисод, соли 2010. Муаллифи 1 монография ва зиёда аз 15 мақолаҳои илмию таҳлилӣ мебошад.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.