21 нафар хонандаи болаёқат аз Хуҷанд ба Англия мераванд

Дар кишвари Англия аз олимпиадаи байналмилалии «Teeneagle» аз фанни забони англисӣ натиҷагирӣ карда шуд.

Дафтари матбуоти раиси шаҳри Хуҷанд бо истинод ба иттилои кумитаи тадорукотии озмун хабар дод, ки дар даври муқаддамотии озмуни мазкур 21 нафар хонандагони МДТ «Литсей барои хонандагони болаёқат» дар шаҳри Хуҷанд ғолиб омада, ба даври финалии озмун, ки аз 31-уми июл то 7-уми август дар пойтахти кишвари Англия — шаҳри Лондон баргузор мегардад, роҳхат гирифта, иштирок хоҳанд кард.

Бино ба иттилои директори МДТ «Литсей барои хонандагони болаёқат» дар шаҳри Хуҷанд Сурайё Неъматова, дар натиҷаи ҷамъбасти даври ниҳоии озмун хонандагони литсей ба гирифтани 1 медали тилло, 4 нуқра, 16 биринҷию ифтихорӣ соҳиб гардидаанд. Аз ҷумла Абдуллоева Фирӯза — хонандаи синфи 11 соҳиби медали тилло, Ясмина Аҳророва — хонандаи синфи 9, Дилбарҷон Ҷабборова — хонандаи синфи 10, Фаррухи Фирӯз — хонандаи синфи 10, Фаррухи Муҳаммад — хонандаи синфи 9 соҳиби медалҳои нуқра, Ашӯрматов Муҳаммад — хонандаи синфи 6, Ӯлмасов Абӯбакр — хонандаи синфи 9, Нарзуллоев Шукрулло — хонандаи синфи 7, Умедҷон Файзуллоев — хонандаи синфи 9, Искандаров Искандар — хонандаи синфи 9, Қосимов Парвиз — хонандаи синфи 7, Фозилов Мубин — хонандаи синфи 7, Шодмонов Шерозхуҷа — хонандаи синфи 9, Мирфайёз Беҳрӯз — хонандаи синфи 9, Атамуллоев Ғайбуллоҷон — хонандаи синфи 9, Деҳқонова Фирӯза — хонандаи синфи 7, Абдуллозода Амир — хонандаи синфи 9, Ҳайдарзода Рамазон — хонандаи синфи 9, Обидов Муҳаммад — хонандаи синфи 7, Қобилов Исфандиёр — хонандаи синфи 7, Абдушукуров Мустафо — хонандаи синфи 7 ҳамагӣ бо медалҳои нуқраю ифтихорӣ сарфароз гардидапнд.

Лозим ба таъкид аст, ки даври ниҳоии Олимпиада байналмилалии «Teeneagle» дар шаҳри Лондони кишвари Англия аз 31-уми июл то 7-уми августи соли 2022 дар Донишгоҳи Брунели шаҳри Лондон баргузор гардида, ғолибони мақоми аввал, дуюм ва сеюм тибқи Низомномаи озмун ба 12 донишгоҳҳои бонуфузи кишвари Англия ҷиҳати ройгон идома додани таҳсил роҳхат ба даст меоранд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *