Тоҷикистон аз Қазоқистон чӣ ворид мекунад?

Қазоқистон барои Тоҷикистон яке аз шарикони асосии иқтисодӣ ба ҳисоб меравад. Дар се моҳи аввали соли равон ҳаҷми муомилоти тиҷоратӣ миёни ду кишвар афзоиш ёфтааст. Нишондиҳандаҳои оморӣ тасдиқ мекунанд, ки равобити иқтисодӣ дар ҳоли рушд қарор дорад. Аммо тавозуни тиҷорат ба самти Қазоқистон майл дорад. Воридоти Тоҷикистон аз ин кишвар ба маротиб бештар аз содирот аст.

Гардиши тиҷорат дар омор

Тибқи маълумоти расмӣ, Тоҷикистон дар се моҳи аввали соли 2025 аз Қазоқистон ба маблағи 257 миллион доллар молу маҳсулот ворид кардааст. Ҳамзамон, ҳаҷми содирот аз Тоҷикистон ба Қазоқистон ҳамагӣ наздик ба 18 миллион долларро ташкил додааст. Ин нишон медиҳад, ки ҳарчанд муносибатҳои иқтисодӣ рушд мекунанд, вале тавозуни он ба фоидаи Қазоқистон боқӣ мондааст.

Воридот аз Қазоқистон

Маълумоти солҳои пеш ва таҳлилҳои иқтисодӣ нишон медиҳанд, ки Тоҷикистон аз Қазоқистон асосан маҳсулоти ғалладонагӣ, махсусан гандум ворид мекунад. Ин намуди воридот яке аз маҳсулоти асосии хӯрокворӣ барои кишвар буда, талаботи дохилиро таъмин мекунад.

Дар ҷойи дуюм маҳсулоти нафтӣ қарор дорад. Аз ҷумла, сӯзишворӣ ва равғанҳои техникӣ, ки дар соҳаи саноат ва нақлиёт васеъ истифода мешаванд. Ба Тоҷикистон маҳсулоти металӣ низ ворид мешаванд, ки мис, алюминий, оҳан ва дигар масолеҳи сохтмонӣ ва саноатиро дар бар мегиранд. Ҳамчунин, нуриҳои минералӣ аз Қазоқистон ворид мегарданд, ки дар рушди соҳаи кишоварзии Тоҷикистон нақши муҳим мебозанд.

Содироти Тоҷикистон

 

Содироти Тоҷикистон ба Қазоқистон нисбатан камтар аст. Маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла мева ва сабзавот аз муҳимтарин маҳсулоти содиротӣ ба шумор мераванд. Тоҷикистон бо иқлими мусоид ва фаровонии зироатҳои кишоварзӣ, бахусус меваҳои тару тоза, имкони хуб барои густариши содирот дорад.

Ба ҷуз ин, пахта, маъданҳои фоиданок, монанди тилло ва нуқра, обҳои маъданӣ ва маҳсулоти саноатии хурд низ аз Тоҷикистон ба Қазоқистон содир мешаванд. Аммо ҳаҷми умумии содирот то ҳол хеле маҳдуд аст.

Шарики боэътимод

Имрӯз шарикии стратегии Тоҷикистон бо Қазоқистон дар тамоми бахшҳо босуръат рушд меёбад. Махсусан, ҷониби ду давлат талош доранд, ки робитаи тиҷоратӣ ва сармоягузориро бештар намоянд.

“Мо манфиатдорем, ки заминаи ҳамкории ду кишвар минбаъд ҳам мустаҳкам шавад”,- таъкид дошта буд Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо Сарвазири Қазоқистон Олжас Беткенов моҳи апрели соли гузашта.

«Тоҷикистонро мо шарики боэътимоди стратегӣ ва ҳампаймон медонем, байни кишварҳои мо ҳеҷ масъалаи ҳалношуда набуд ва нест, ҳамаи онҳо дар рӯҳияи ҳампаймонӣ ва бародарӣ ҳал мешаванд”,- изҳор дошта буд Олжас Беткенов дар навбати худ.

Дар давоми беш аз 30 соли ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Қазоқистон 150 созишнома ба имзо расидаанд. Ин созишномаҳо соҳаҳои муҳимтарин ва самтҳои афзалиятноки ду кишварро фаро мегиранд.

Дурнамои ҳамкорӣ

Бо дарназардошти рақамҳои мавҷуда, маълум мешавад, ки то ҳол тавозуни тиҷорат байни ду кишвар ба фоидаи Қазоқистон боқӣ мондааст. Ба андешаи таҳлилгарон, барои беҳсозии вазъ ва расидан ба тавозуни иқтисодӣ, Тоҷикистон имкон дорад содироти маҳсулоти рақобатпазир, бо сифати баланд ва дар бозор талаботдоштаро афзоиш диҳад. Густариши ҳамкорӣ дар бахшҳои кишоварзӣ, маъданкорӣ, саноати сабук ва коркарди маҳсулоти ватанӣ метавонад ба рушди мутақобилаи иқтисодӣ ва тавозуни манфиатҳо миёни ду кишвар заминаи устувор фароҳам оварад.

Усмон РАҲИМЗОДА

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *