Тоҷикистон ба куҷо ва чӣ қадар хушкмева фурӯхт?

Тоҷикистон мавқеи худро ҳамчун яке аз пешсафони содироти хушкмева дар Осиёи Марказӣ мустаҳкам мекунад. Дар семоҳаи аввали соли 2025 ҳаҷми содирот зиёда аз 26,5 ҳазор тоннаро ташкил дод. Маблағи он ба беш аз 9,4 млн доллар баробар аст.

Мувофиқи пешгӯии Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон, то охири сол ҳаҷми содирот дар муқоиса бо соли 2024 ба андозаи 12% ва арзиши он 16% боло меравад.

Соли 2023 ҳаҷми содирот 81,8 ҳазор тонна ва соли 2024 аллакай 90,1 ҳазор тоннаро ташкил дод. Бозорҳои асосии фурӯш кишварҳои ИДМ, Олмон, Чин ва Туркия боқӣ мондаанд. Зиёда аз 70%-и содирот ба Русия ва Қазоқистон рост меояд. Дар сохтори содироти хушкмеваи Тоҷикистон асосан зардолуқоқ, мавиз, олуқоқ, анҷир ва чормағз мавқеи асосиро ишғол мекунанд. Рушди технологияи хушксозӣ ва бандубаст, инчунин тавсеаи хатсайрҳои содиротӣ бозори хушкмеваро ба яке аз ояндадортаринҳо дар минтақа табдил медиҳанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *