Тоҷикистон бо Ҳиндустон бозӣ мекунад
Рақиби нави тими миллии футболи Тоҷикистон дар мусобиқаи CAFA Nations Cup 2025, ки аз 29-уми август то 8-уми сентябр баргузор мешавад, маълум шуд.
Дар ин мусобиқот ба ҷои дастаи Малайзия дастаи мунтахаби Ҳиндустон ширкат мекунад. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон нахустин бозии худро дар мусобиқаи CAFA Nations Cup 2025 бо тими Ҳиндустон (29-уми август) анҷом медиҳад. Футболбозони тоҷик инчунин бо дастаҳои мунтахаби Афѓонистон (1-уми сентябр) ва Эрон (4-уми сентябр) бозӣ мекунанд. Бозиҳо дар ин чаҳоргона дар варзишгоҳи шаҳри Ҳисор баргузор мешаванд.
Бозиҳои гурӯҳи дигар бо ширкати дастаҳои мунтахаби Ӯзбекистон, Қирѓизистон, Туркманистон ва Уммон дар кишвари Ӯзбекистон баргузор мешаванд.
Тибқи муқаррароти Ҷоми миллатҳои CAFA, бозиҳо дар марҳилаи гурӯҳӣ аз рӯи системаи даврӣ дар як давр баргузор мешаванд. Сипас, ѓолибони гурӯҳҳо дар финал вомехӯранд. Дастаҳое, ки дар гурӯҳҳои худ ҷои дуюмро мегиранд, барои ҷои сеюм мубориза мебаранд.
Бозии ниҳоии мусобиқот дар Тошканд ва бозӣ барои ҷои сеюм дар Ҳисор ба нақша гирифта шудаанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ