Тоҷикистон бо Ботсвана равобити дипломатӣ барқарор кард

 6-уми декабр, дар Ню-Йорк маросими имзои Баёнияи муштарак оид ба барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ байни Тоҷикистон ва Ботсвана баргузор гардид.

Баёнияи муштаракро намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар СММ Ҷонибек Ҳикмат ва вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ботсвана Лемоганг Квапе имзо карданд.

Ёдовар мешавем, ки ин ҳодиса дар пасманзари нишасти бузурги ЮНЕСКО дар Ботсвана рух дод, ки дар он атласу адрасҳои тоҷикӣ ва ҷашни Сада ҳамчун ҷузъи мероси фарҳангии ғайримоддии башарият эътироф шуданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *