Тоҷикистон бо Кореяи Ҷанубӣ, Урдун ва Уммон бозӣ мекунад

Дар натиҷаи қуръакашии марҳилаи финалии Ҷоми Осиё-2023 дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) ба гуруҳи “С” шомил шуд, ки бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Урдун ва Уммон бозӣ мекунад.

Марҳилаи финалии Чемпионати футболи Осиё миёни дастаҳои мунтахаби ҷавонон аз 1 то 18-уми марти соли оянда дар Ӯзбекистон баргузор мешавад.

Дар рафти қуръакашӣ, ки 26-уми октябр дар шаҳри Тошканд баргузор шуд, 16 даста ба 4 гуруҳи чордастаӣ тақсим шуданд. Баъд аз натиҷагирии Чемпионати Осиё-2023 миёни ҷавонон 4 дастаи беҳтарин ба Чемпионати ҷаҳон, ки соли оянда дар Индонезия баргузор мешавад, роҳхат мегиранд.

Натиҷаи қуръакашии марҳилаи финалии Ҷоми Осиё-2023 миёни мунтахабҳои ҷавонони то 20-сола:

Гуруҳи «А»: Ӯзбекистон, Индонезия, Ироқ, Сурия.

Гуруҳи «В»: Қатар, Австралия, Ветнам, Эрон.

Гуруҳи «С»: Кореяи Ҷанубӣ, Тоҷикистон, Урдун, Уммон. Гуруҳи «D»: Арабистони Саудӣ, Ҷопон, Чин, Қирғизистон.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *