Тоҷикистон бори аввал ба финал роҳхат гирифт

Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 дар гуруҳи “F” бо 7 имтиёз зинаи аввалро соҳиб шуд ва ба даври финалии ин мусобиқа роҳ ёфт.

Шогирдони Петр Сегрт дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2023, ки дар Бишкеки Қирғизстон баргузор шуд, дар ду бозӣ пирўзӣ ба даст оварданд ва як бозиро мусовӣ анҷом доданд. Дар бозии аввал бо дастаи мунтахаби Мянмар футболбозони Тоҷикистон 4 голи беҷавоб заданд. Ду голро Шервонӣ Муҳаббатшоев, як голии дигарро Манучеҳр Ҷалилов ва Эҳсони Панҷшанбе заданд. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар бозии дуюм Сингапурро шикаст дод. Голи ягонаи ин бозиро Шервонӣ Муҳаббатшоев зад.

Дастаи мунтахаби Қирғизистон низ дар ду бозии аввал бо Сингапур (2:1) ва Мянмар (2:0) пирўз шуд ва бо 6 имтиёз ва таносуби камтари тўбҳо баъд аз Тоҷикистон дар зинаи дуюм қарор гирифт.

Ҳама чиз бояд дар даври охир дар бозии Қирғизистону Тоҷикистон ҳал мешуд, аммо пеш аз оғози ин бозӣ маълум шуд, ки ин ду даста ба даври финалӣ роҳ ёфтаанд. Дар бозии байни дастаҳои Фаластин ва Филиппин фаластиниҳо бо натиҷаи 4:0 пирўз шуданд ва Тоҷикистону Қирғизистон новобаста аз натиҷаи бозии даври охир ҳаққи иштирок дар марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиёро ба даст оварданд.

Бо вуҷуди ин бозии байни дастаҳои Тоҷикистону Қирғизистон пуршиддат ҷараён гирифт ва ҳарду даста барои пирўзӣ мубориза бурданд, зеро ғолиб дар ҷадвал ҷойи аввалро соҳиб мешуд. Ин бозӣ бе задани гол анҷом ёфт ва Тоҷикистон бо 7 имтиёз аз ҷойи аввал ба финали мусобиқа роҳ ёфт.

Қисмати ниҳоии Ҷоми Осиё аз 16-уми июн то 16-уми июли соли 2023 ба нақша гирифта шудааст. Қарор дар бораи дар куҷо баргузор шудани Ҷоми 18-уми Осиё дар ҷаласаи Кумитаи иҷроияи Конфедератсияи футболи Осиё рўзи 17-уми октябр қабул мешавад. Ин мусобиқа бояд дар Чин баргузор мешуд, аммо ин кишвар ба далели пандемии коронавирус аз мизбонии он даст кашид.

Аз шаш гуруҳи марҳилаи интихобӣ ғолибон ва 5 дастаи ҷойи дуюми гуруҳҳо, ки натиҷаи беҳтар доранд, ба марҳифаи финалии Ҷоми Осиё-2023 роҳхат гирифтанд. Инҳо дастаҳои Ҷопон, Сурия, Қатар, Кореяи Ҷанубӣ, Австралия, Эрон, Арабистони Саудӣ, АМА, Чин, Ироқ, Уммон, Вйетнам, Лубнон, Урдун, Фаластин, Ўзбекистон, Таиланд, Ҳиндустон, Ҳонконг, Баҳрайн, Малайзия, Тоҷикистон, Қирғизистон ва Индонезия ҳастанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *