Тоҷикистон дар сатҳи ҷаҳонӣ. Раҳимзода ба раёсати AIIB роҳ ёфт

 Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии  Тоҷикистон Султон Раҳимзода ба ҳайси муовини раиси Маҷлиси солонаи Бонки Осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ (AIIB) интихоб гардид.

Дар ин бора  Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ хабар медиҳад.

Интихоби Султон Раҳимзода ба ин мақоми баланд бозгӯи нуфузи афзояндаи Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ ва талошҳои пайвастаи кишвар дар самти густариши ҳамкориҳои сармоягузорӣ унвон мешавад.

Ҷаласаи солонаи Шӯрои мудирони AIIB чанде пеш дар шаҳри Пекин баргузор гардид. Дар он Султон Раҳимзода ҳамчун мудир аз  Тоҷикистон иштирок намуда, саҳми фаъол дар муҳокимаҳои калидӣ дошт.

Дар ҳошияи ҷаласа мулоқоти Вазири молияи  Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода ва раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ Султон Раҳимзода бо Ноиби президенти Бонки Осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ Константин Лимитовский баргузор гардид.

Дар доираи ин вохӯрӣ, созишномаи грантӣ ба маблағи 2,04 миллион доллар барои дастгирии фаъолиятҳои иҷтимоии лоиҳаи “Сохтмони роҳи Обигарм – Нуробод” ба имзо расид.

Маблағгузории Бонки Осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ ба соҳаҳои муҳими иқтисоди миллӣ, аз ҷумла энергетика ва нақлиёт  равона гардида, ба рушди устувори инфрасохтори кишвар мусоидат менамояд.

 Ба ҳолати 1 майи соли 2025 бонки мазкур дар Тоҷикистон барои татбиқи 4 лоиҳаи сармоягузорӣ дар ҳаҷми 410,5 миллион доллар маблағ ҷудо намудааст. Аз ҷумла, дар моҳи декабри соли 2024 барои лоиҳаи НБО-и “Роғун” 270 миллион доллар қарз ҷудо карда шуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *