Тоҷикистон: Коршиноси СММ оид ба ҳуқуқҳои инсон, вазъият оиди савдои одамонро баҳо медиҳад

ЖЕНЕВА (7 декабри соли 2021) – Гузоришгари вижаи СММ Шивон Маллалли мушкилоти савдои одамонро дар доираи сафари расмии худ ба кишвар аз 8 то 15 декабри соли 2021 баҳогузорӣ мекунад.

«Ин сафар имкон медиҳад, ки бо мақомоти дахлдор, ҷомеаи шаҳрвандӣ, созмонҳо ва ҷабрдидагон мулоқот намуда, масъалаи савдои одамон дар ҳама шаклҳо, мушкилоти мубрами дар соҳаи ҳуқуқи инсон пайдошаванда ва пешрафти Тоҷикистонро дар мубориза бо савдои одамон баррасӣ намоям», – гуфт Маллалли.

«Ман ба мушкилоти асосии татбиқи чаҳорчӯбаи байналмилалӣ ва ҳуқуқии мубориза бар зидди савдои одамон ҷиҳати таъмини ҳуқуқи инсонии қурбониён ва пешгирии самараноки он таваҷҷӯҳи хоса хоҳам дод. Хатарҳои савдои одамон, ки гурезаҳо, паноҳҷӯён, муҳоҷирони корӣ ва оилаҳои онҳо бо он дучор шуда метавонанд, боиси нигаронии махсус мебошанд».

«Баробарии гендерӣ ва ҷанбаи гендерии савдои одамон, аз ҷумла хатарҳои савдои одамон бо мақсади истисмори шаҳвонӣ, пешгирии ҳамаи шаклҳои савдои одамон ва дастрасӣ ба воситаҳои муассири ҳифзи ҳуқуқӣ дар маркази таваҷҷӯҳ қарор хоҳанд гирифт. Инчунин ҳуқуқи кӯдакон ва мушкилоти марбут ба савдои кӯдакон бо мақсади ҳама шаклҳои истисмор омӯхта хоҳад шуд”.

«Ман инчунин чораҳои мавҷуда ва ба нақша гирифтаи Тоҷикистонро оид ба пешгирии савдои одамон, аз ҷумла ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирон, гурезагон ва паноҳҷӯён, инчунин муайянкунӣ ва ҳифзи ҷабрдидагон, таъмини дастрасӣ ба адолат ва воситаҳои муассири ҳифзи ҳуқуқӣ ва ҳифзи иҷтимоии ҷабрдидагони савдои одамон баррасӣ хоҳам кард. Тадбирҳо оид ба мубориза бо беҷазоӣ барои савдои одамон ва таъмини тафтишоти самаранок омӯхта хоҳанд шуд”.

Дар ҷараёни сафараш ба шаҳри Душанбе Маллалли бо намояндагони мақомоти давлатӣ, ҳамчунин бо намояндагони расмии СММ, аъзоёни ташкилотҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳомиёни ҳуқуқҳои инсон, бахусус онҳое, ки дар самти пешгирӣ, муайянкунӣ ва кӯмак ба ҷабрдидагони савдои одамон фаъолият мекунанд, мулоқот хоҳад кард. Ӯ инчунин мушкилоти муайянкунӣ ва ҳифзи ҷабрдидагони савдои одамон дар байни паноҳҷӯён ва гурезагон, инчунин одамоне, ки бо хатари савдои одамон дучор мешаванд, арзёбӣ хоҳад кард.

Гузоришгари вижа барои пешниҳоди мушоҳидаҳои пешакии худ як нишасти матбуотиро барои васоити ахбори омма баргузор мекунад. Нишаст санаи 15 декабр соати 16:00 бо вақти маҳаллӣ дар дафтари Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Душанбе, воқеъ дар кӯчаи Лоҳутӣ 5/1 баргузор карда мешавад. Дастрасӣ ба ин нишаст танҳо ба рӯзноманигорон пешниҳод карда хоҳад шуд.

Натиҷаҳо ва тавсияҳои Гузоришгари вижа моҳи июни соли 2022 ба Шӯрои ҳуқуқи инсони СММ пешниҳод карда хоҳанд шуд.

ПОЁН

Хонум Шивон Маллалли (Ирландия) моҳи июли соли 2020 аз ҷониби Шӯрои ҳуқуқи инсони СММ ба ҳайси Гузоришгари вижа оид ба савдои одамон, бахусус занон ва кӯдакон барои мусоидат ба пешгирии савдои одамон дар ҳама шаклҳои он ва пешбурди чораҳо оид ба дастгирӣ ва ҳифзи ҳуқуқҳои инсони ҷабрдидагони савдои одамон таъин карда шуд. Ӯ инчунин профессори эътирофшудаи ҳуқуқ дар соҳаи ҳуқуқҳои инсон ва директори Маркази Ирландия оид ба ҳуқуқҳои инсон дар факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Ирландия дар шаҳри Голуэй мебошад. Қабл аз он, ки ба ҳайси Гузоришгари вижа таъин карда шавад, ӯ узви Гурӯҳи коршиносони Шӯрои Аврупо оид ба мубориза бар зидди савдои одамон (GRETA) буда, аз соли 2016 то 2018 ба ҳайси президенти GRETA ва аз соли 2014 то 2018 ба ҳайси ноиби аввали президент интихоб шуда буд.

Гузоришгарони вижа қисми ба истилоҳ Расмиёти махсуси Шӯрои ҳуқуқи инсон мебошанд. Расмиёти махсус, бузургтарин мақоми коршиносони мустақил дар низоми ҳуқуқи инсони СММ – ин истилоҳи умумӣ барои механизмҳои мустақили Шӯро оид ба дарёфти далелҳо ва мониторинг мебошад, ки оиди вазъият дар кишварҳои мушаххас ё мушкилоти мавзӯӣ дар тамоми қисматҳои ҷаҳон сарукор доранд. Коршиносони Расмиёти махсус ба таври ихтиёрӣ фаъолият мекунанд; онҳо кормандони СММ нестанд ва барои корашон музд намегиранд. Онҳо аз ҳар гуна ҳукумат ё созмон мустақил мебошанд ва ба таври инфиродӣ хизмат мекунанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *