Тоҷикистон: Тасдиқи як фавт аз коронавирус

Дар 24 соати гузашта дар Тоҷикистон аз бемории сироятии коронавирус 1 нафари дигар ҷон бохт. Акнун теъдоди умумии қурбониён ба 82 нафар расид

Ба иттилои Вазорати тандурустии кишвар шабонарӯзи гузашта дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 40 ҳолати нави сироятёбӣ ба COVID-19 ба қайд гирифта шуд.

Ба иттилои манбаъ, аз 30 апрел то имрӯз шумораи гирифторони коронавирус ба 10 900 нафар расид.

Манбаъ меафзояд, дар як шабонарӯзи охир 61 нафар пас аз табобат ба хонаҳояшон рухсат дода шуда, дар маҷмӯъ шумораи шифоёфтагон аз ин беморӣ дар Тоҷикистон ба 10 070  (92,4%)  баробар гардид.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати пешгирӣ ва табобати коронавируси нави CОVID-19 тамоми тадбир ва чораҳои заруриро амалӣ менамояд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *