Тоҷикистон ва Амрико дурнамои ҳамкориро баррасӣ карданд

Дар шаҳри Ню-Йорки Амрико мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо ноиби котиби давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Ричард Верма баргузор гардид.

Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Бино ба иттилои манбаъ, зимни вохӯрӣ ҷонибҳо ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистон ва Амрикоро дар самтҳои сиёсӣ, амниятӣ, иқтисодӣ ва илму маориф мавриди баррасӣ қарор доданд.

Инчунин тарафҳо ба ҳамкорӣ дар самти таҳкими ҳифзи сарҳад, қочоқи маводи мухаддир, мубориза бар зидди терроризм ва ифратгароӣ гуфтушунид анҷом доданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *