Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ. Қадамҳо ба сӯи рушди устувор
Дар шаҳри Душанбе вохӯрии Вазири молияи Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода бо Директори нави минтақавии Бонки ҷаҳонӣ барои Осиёи Марказӣ Наҷӣ Бенҳасин баргузор гардид.
Дар ҷараёни он ҷонибҳо сатҳи баланди ҳамкории стратегиро байни Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ ситоиш намуда, ба густариши минбаъдаи ҳамгироии молиявӣ ва дастгирии лоиҳаҳои миллии афзалиятнок таъкид карданд.
Тавре Вазорати молияи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, то имрӯз Бонки ҷаҳонӣ дар татбиқи беш аз 100 лоиҳаи иқтисодию иҷтимоӣ дар ҷумҳурӣ саҳм гирифта, маблағи умумии кӯмакҳо ба 3,3 миллиард доллар мерасад.
Лоиҳаи калидӣ – НБО «Роғун» ҳамчун як самти афзалиятнок мавриди таваҷҷуҳи хос қарор гирифт. Ҷонибҳо зарурати суръат бахшидан ба ҷудо намудани маблағҳои грантӣ ва риояи муҳлатҳои созишномаҳои молиявиро таъкид намуданд.
Ҳамзамон, пешниҳод шуд, ки марҳилаи дуюми Барномаи “Дастгирии сиёсати рушди устувор — Тоҷикистони рақобатпазир ва фарогир (DPO)” ба маблағи 50 миллион доллар тавассути механизми кафолати қарзӣ амалӣ гардад, ки барои рушди минбаъдаи соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ мусоидат хоҳад кард.
Инчунин, ҷонибҳо раванди татбиқи барномаи “Cat-DDO” (омодасозии маблағгузории фаврӣ дар ҳолатҳои фавқулода) ва пешрафти ҷаласаҳои доимии баррасии лоиҳаҳоро мусбат арзёбӣ намуданд.
Дар анҷоми мулоқот Вазири молия зарурати таъйини ҳарчи зудтари директори нави кишварии Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистонро таъкид намуда, онро омили муҳим дар самаранокии татбиқи лоиҳаҳо арзёбӣ кард.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ