Тоҷикистону Қирғизистон эҳёи ҳаракати автобусҳоро баррасӣ карданд
Тоҷикистону Қирғизистон имкони аз нав барқарорсозии ҳаракати автобусҳоро дар хатсайрҳои “Хуҷанд–Ош”, “Хуҷанд–Бодканд” ва “Исфара–Бодканд” баррасӣ карданд.
Вобаста ба ин, мулоқоти вазирони нақлиёти ду кишвар Азим Иброҳим ва Абсаттор Сиргабоев рӯзи 15 май дар шаҳри Остонаи Қазоқистон доир шудааст.
Ҳаракати автобусҳо дар масирҳои номбурда соли 2021 бинобар баста шудани марз қатъ шуда буд.
Ҳамчунин, ҷонибҳо эҳёи фаъолияти роҳи оҳани Спитамен–Истиқлолро пешниҳод кардаанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ