Тоҷикистону Арманистон корхонаи муштарак месозанд
Тоҷикистон ва Арманистон ният доранд, ки корхонаҳои муштараки саноатӣ бунёд кунанд.
Ин нукта дар ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматӣ бо иштироки вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Завқӣ Завқизода ва вазири иқтисоди Арманистон Геворг Папоян ироа гардид.

Ҷонибҳо ҳамзамон имкони бунёди корхонаҳои “сабз”, аз ҷумла нерӯгоҳҳои барқи обӣ ва рушди энергетикаи офтобиро бо ҷалби сармоягузории мустақим баррасӣ карданд.
Гуфта мешавад, ки гарчанде гардиши савдои хориҷӣ дар соли 2024 ду баробар афзоиш ёфта бошад, ҳаҷми он ҷавобгӯи иқтидорҳои мавҷудаи ҳар ду кишвар нест.
Ҳамзамон, таъкид гардидааст, ки баргузор намудани форумҳои муштараки соҳибкорӣ, иштирок дар намоишгоҳҳои байналмилалӣ ва мубодилаи таҷрибаи ҳайатҳои соҳибкорӣ имкони нави густариши гардиши савдои дуҷонибаро фароҳам меорад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ