Тоҷикистону Эрон дар соҳаи варзиш санад имзо карданд
Кумитаҳои миллии олимпии Тоҷикистон ва Эрон санади ҳамкорӣ имзо карданд.
Тибқи иттилои сафорати Эрон дар Душанбе, ин санад 6 апрел дар ҷаласаи минтақавии Шӯрои олимпии Осиё бо ширкати муовини раиси Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Зулфиқор Гулаҳмадзода ва котиби генералии Кумитаи миллии олимпии Эрон Маҳдӣ Алинанҷод ба имзо расид.
Тарафҳо ба ҳамкорӣ дар самти омодасозии мураббиён, доварон, баргузории мусобиқаҳои муштарак ва истифодаи иқтидорҳои илмии ду кишвар аҳамияти хос доданд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ