Тоҷикистону Эрон масъалаи бекор кардани раводид тавассути роҳҳои заминиро баррасӣ карданд
Дар ҷараёни сафари расмии Искандар Муъминӣ, вазири корҳои дохилии Эрон ба Тоҷикистон, масъалаи бекор кардани раводид тавассути роҳҳои заминӣ ва таҳкими ҳамкории амниятӣ миёни ду кишвар баррасӣ шуд.
Муъминӣ дар мулоқот бо Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардааст, ки дар қадами баъдӣ лағви раводид барои сафарҳои заминӣ шароити сафарро барои шаҳрвандони ду кишвар осон хоҳад кард.
Дар ин сафар миёни вазоратҳои корҳои дохилии Тоҷикистону Эрон ёддошти ҳамкории амниятӣ ба имзо расид, ки мубориза бо терроризми созмонёфта, қочоқи инсон ва маводи мухаддирро дар бар мегирад.
Ин ҳуҷҷатро Рамазон Раҳимзода ва Искандар Муъминӣ рӯзи 22-юми апрел имзо карданд. Ба гуфтаи Муъминӣ, иҷрои санад ба таҳкими амният дар ҳарду кишвар мусоидат хоҳад кард.
Дар як ҳафтаи ахир ин дувумин сафари мақоми баландпояи Эрон ба Тоҷикистон буд. Ҳамчунин, мақомоти тоҷик низ дар ҳамин давра ба Эрон рафтанд.
Ёдовар мешавем, аввали соли 2025 Тоҷикистону Эрон низоми раводид барои сафарҳои ҳавоиро комилан лағв карда буданд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ