«Тоҷикон» ба забони ӯзбекӣ. Чӣ гуна васияти шогирди Бобоҷон Ғафуров иҷро шуд?

Ҳасан Бердиқуловро аз замоне мешиносам, ки тарҷумаи шоҳасари “Тоҷикон”-и аллома Бобоҷон Ғафуровро ба забони ӯзбекӣ ба охир расонида, барои нашри он азм карда буданд. Аз ҳамон рӯзҳо пайваста аз эшон хоҳиш мекунам, ки барои ҳафтаномаи “Тоҷикистон” суҳбате ороем. “Китоб чоп шавад баъд” мегӯянд…

Ҳафтаи равон Бердиқулов меҳмони идораи мо шуданд. Суҳбати мо чун ҳарвақта ҷараён гирифт:

-Ҳасан-ака, китоб чоп шуд?

-Қариб.

-Тарҷума ду-се сол қабл ба анҷом расида буд, чаро нашри он тӯл кашид?

-“Тоҷикон” китоби одӣ не, ин асари бунёдии Қаҳрамони Тоҷикистон Бобоҷон Ғафуров аст. Кӣ иҷозат медиҳад, ки онро аз пеши худ нашр кунам? Тарҷумаи ман дар ин ду-се сол аз чанд ғалбер гузашт. Аз ҷониби як гуруҳи корӣ омӯхтаву санҷида шуд. Таҳриру такмил ёфт. Ва билохира ба нашри он иҷозат шуд. Баъди ин, дар Ӯзбекистон онро мавриди омӯзиш қарор доданд. Пазируфтанд. Чанд рӯз қабл аз Тошканд баргаштам. Ду тақриз дар дастам аст, яке аз Баҳром Абдуҳалимов, ноиби президенти Академияи илмҳои Ӯзбекистон, доктори илми таърих ва дигаре аз академик Абдуҷаббор Раҳмонзода, Сафири Фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон.

Инак, он тақризҳо:

Баҳром Абдуҳалимов:

«Аз ҷониби Ҳасан Бердиқулов тарҷума шудани китоби академик Б. Ғафуров «Тоҷикон. Таърихи қадимтарин, қадим, асрҳои миёна ва давраи нав» (аз рӯйи нашри русии китоби «Таджики. Древнейшая, древняя и средневековая история», — М.: Наука, 1972. 663 с.) саҳми арзандаест дар тақвияти тафаккури таърихии халқҳои тоҷику ӯзбек ва ҳамкориҳои илмии ҳар ду кишвар.

Асари номбурда тадқиқоти бунёдии таърихӣ буда, то ҳол қимати баланди илмии хешро аз даст надодааст. Бояд таъкид намуд, ки дар асар таъсири мафкуравию манфиатҳои илмии даврони шӯравӣ эҳсос мешавад, вале он аз ҷиҳати мазмун ва масъалагузориву истифодаи сарчашмаҳои хаттиву намунаҳои фарҳанги моддӣ ба худ характери фундаменталӣ касб намудааст.

Академияи илмҳои Ӯзбекистон ба тарҷумони асар Ҳ. Бердиқулов барои фаъолияти пурсамар дар рушди муносибатҳои дӯстона миёни халқҳои тоҷику ӯзбек миннатдории хешро баён намуда, тарафдори минбаъд ҳам густариш ёфтани онҳо мебошад».

Абдуҷаббор Раҳмонзода:

“Мавзӯи дӯстиву рафоқат, якдиливу ҳамдигарфаҳмӣ яке аз мавзуҳои умдаи адабиёту фарҳанги оламшумули тоҷикон ва ӯзбекҳо ба шумор меравад. Ҳамин нуктаро аллома Б. Ғафуров қайд карда, аз ҷумла навишта буд: “Дар тӯли ин қарнҳо байни назму ҳамосаи ӯзбекон ва ҳамосаю адабиёти мардуми тоҷик таъсири мутақобил мавҷуд буд. Дар ин давра синтези расму одатҳо, маросим ва фарҳанги халқҳои тоҷику ӯзбек пурмаҳсул давом кардааст”.

Дар заминаи ишораҳои мазкур ба хотири таҳкими дӯстӣ миёни ин ду халқи дӯсту бародар донишманди нуктасанҷ Ҳасан Бердиқулов китоби “Тоҷикон”-ро ба забони ӯзбекӣ тарҷума намудааст.

Номбурда дар тарҷумаи асар заҳмати зиёд кашида, ба забони имрӯзаи адабии ӯзбекӣ ин шоҳасари Б. Ғафуровро тарҷума карда, барои мардуми шарифи ӯзбек туҳфаи муносибе омода намудааст.

Б. Ғафуров дар ин асари безавол аз сарчашмаҳои зиёди илмӣ, ки дар китобхонаҳои Ӯзбекистон маҳфуз мебошанд, истифода намуда, ба ин халқ баҳои баланд додааст. Мутарҷим асолати андешаҳои олими забардастро нигоҳ доштааст.  Нашр ва интишори ин китоб ба забони ӯзбекӣ дар таҳкими муносибатҳои дуҷониба миёни халқҳои тоҷику ӯзбек нақши арзанда хоҳад дошт”.

Ҳасан Бердиқулов журналист аст. Солҳои тӯлонӣ дар нашрияҳои ӯзбекӣ ва русии ҷануби Тоҷикистон фаъолият дошт. Баъд аз он ки ба нафақа баромад ва фарзандонашро соҳиби хонаву дар кард, аз пайи иҷрои васияти устодаш, шарқшиноси машҳури ӯзбек Шоислом Шомуҳаммадов шуд.

“Вақте дар Донишгоҳи Тошканд таҳсил мекардам, бо профессор Шоислом Шомуҳаммадов ошно шудам. Эшон ба ман гуфтанд, ки “Ман бо васияти устодам Бобоҷон Ғафуров “Шоҳнома”-и безаволи Фирдавсиро ба ӯзбекӣ тарҷума кардам. Ту, агар тавонӣ “Тоҷикон”-ро ба ӯзбекӣ тарҷума кун!”. Солҳо сипарӣ шуд. Зери бори зиндагӣ будам. Чун ба нафақа баромадам, аз пайи иҷрои васияти устодам шудам. Даҳ сол вақт сарф кардаму тарҷумаро ба поён расонидам. Ин нахустин тарҷумаи “Тоҷикон” ба забонҳои туркӣ аст. Дар олам 200 миллион туркзабон зиндагӣ мекунанд…”, – мегӯяд ӯ.

Ҳасан Бердиқулов зимни тарҷумаи “Тоҷикон” зиёд азоб кашид. Вале бо кумаки Абдуҷаббор Раҳмонзода, Нуриддин Саид, Муҳаммадюсуф Имомзода ва Қобилҷон Хушвахтзода тарҷумаи китобро ба поён расонидааст. Таҳриру такмили китоб дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров сурат гирифт. Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши АМИТ низ онро дида баромад. Имрӯз ин тарҷума аз 18 нафар мутахассис тақриз гирифта, барои чоп тавсия шудааст. Ба наздикӣ он ба дасти хонандаи ӯзбекзабон мерасад. Барои тарҷумаи ин шоҳасар Ҳасан Бердиқуловро Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бо ордени “Дӯстлик” қадрдонӣ кард.

-Ҳасан-ака, мехоҳам бо шумо як суҳбати муфассал дошта бошем. Аз раванди коратон, азобҳоятон…

-Гуфтам-ку, баъди нашри китоб. Ҳозир мусоҳиба чоп шавад, мардум китоб талаб мекунанд, ман дар ҳолати ногувор мемонам… Китоб ба наздикӣ нашр мешавад. Ана баъд суҳбат мекунем…

-Бошад…, – гуфта, Ҳасан-акаро гусел мекунам.

Кош “Тожиклар” чоп шаваду суҳбати мо ҳам сурат бигирад.

О. НОЗИР

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.