Тоҷикистону Қирғизистон дар масъалаи марз роҳи дипломатиро пеш гирифтанд

Қирғизистон ва Тоҷикистон дар масъалаи мушаххас кардани хатти марзии ду кишвар ба сатҳи ҳалли дипломатии мушкил расидаанд. Дар ин бора Оқилбек Ҷабборов, раиси Девони вазирони Қирғизистон зимни суханронӣ дар парлумони Қирғизистон изҳор дошт.

Раванди таъйини сарҳади давлатии Қирғизистону Узбекистон ба анҷом расида, дақиқ кардани сарҳади давлатии Тоҷикистону Киргизистон ба роҳи дипломатия байни ду кишвар пеш бурда мешавад”, — хабар медиҳад дафтари матбуотии ҳукумати Қирғизистон.

Зикр мешавад, ки дар ҳоли ҳозир Қирғизистон аломатгузории хати марзро танҳо бо Тоҷикистон хотима надодааст. Бо Чин, Қазоқистон ва Узбекистон ин раванд ба анҷом расидааст.

Дарозии марзи Қирғизистону Тоҷикистон беш аз 900 километр мебошад, ки ба далели мавҷудияти манотиқи баҳсбарангез то ҳол ҷонибҳо танҳо аз се ду ҳиссаи хатти сарҳадро мувофиқа карданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *