Тоҷикистон бо Макао, Камбоҷа ва Ҷопон бозӣ мекунад
Аз 20 то 24-уми сентябр дар Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обии шаҳри Душанбе бозиҳои интихобии Ҷоми футзали Осиё-2026 дар гурӯҳи «С» баргузор мешаванд.
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври интихобӣ бо тимҳои миллии Макао (20-уми сентябр), Камбоҷа (22-юми сентябр) ва Ҷопон (24-уми сентябр) рақобат мекунад.
Сармураббии дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон Пайрав Воҳидов ба ин мусобиқа ҳайати зеринро сафарбар кардааст: дарвозабонҳо: Фирӯз Бекмуродов, Нуриддин Ҷабборов, Фирӯз Бозмамадов; бозигарон: Дилшод Саломов, Идрис Ёров, Самандар Ризомов, Некрӯз Идиев, Насратшо Исмоилов, Муҳаммад Раҷабов, Муҳаммадҷон Шарипов, Бахтиёр Солиев, Хусрав Холиқназаров, Умед Қузиев, Баҳодур Хоҷаев.
Ѓолибони ҳашт гурӯҳи интихобӣ ва ҳафт дастаи беҳтарини ҷойҳои дуюм ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2026, ки аз 27-уми январ то 7-уми феврал дар Индонезия баргузор мешавад, роҳ меёбанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ