Тоҷикобод низ нақшаи даъватро дар рӯзи аввал иҷро кард

Дар ноҳияи Тоҷикобод низ нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ дар рӯзи аввал иҷро шуд.

Тавре ки аз мақомоти ноҳияи Тоҷикобод ба Pressa.tj  хабар доданд, ҷавонон бо хоҳиши худ ба комиссариятҳои ҳарбӣ ҳозир шудаанд.

 “Ихтиёран ба хизмати ҳарбӣ рафтани ҷавонон як олам маънӣ дорад. Ин аз ҳисси баланди нангу номуси миллии онҳо дарак медиҳад”,-гуфт манбаъ.

Гуфта мешавад, ки чанд соли охир ноҳияи Тоҷикобод дар ин маърака пешсаф мебошад. Ин гувоҳи он аст, ки дар ноҳия тарзи дурусти корбарӣ вуҷуд дорад.

Ёдовар мешавем, ки моҳҳои апрел-майи соли 2024 шаҳрвандони ҷинси марди соли таваллудашон 1997-2007-и то рӯзи даъват ба синни 18 расида, инчунин шаҳрвандони синни калонтар, ки ҳуқуқи ба таъхир андохтани муҳлати даъват ё озод будан аз даъват ба хизмати ҳарбиро надоранд, барои хизмат ба сохтору воҳидҳои зикршуда даъват карда мешаванд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *