То ҷашни Истиқлоли давлатӣ 30 ҳазор иншоот бунёд мешавад
Дар остонаи таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар кишвар сохтмони қариб 30 ҳазор иншоот ба нақша гирифта шудааст. Дар ин бора Низом Мирзозода, Раиси Кумитаи сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.
Ба иттилои ӯ, аз 29 919 иншооти ба нақша гирифташуда, то имрӯз 23 228 адад ба истифода дода шуда, сохтмон дар 4594 иншооти дигар идома дорад.
Бунёди муассисаҳои иҷтимоӣ авлавият дорад. Дар ин давра мактабҳо барои 10 697 хонанда, дармонгоҳҳо барои 368 ҷой, муассисаҳои томактабӣ барои 510 кӯдак ба истифода супорида шудаанд.
Раиси Кумита афзуд, ки барои таъмини сохтмони босифат ва саривақт, лоиҳаҳо аз экспертизаи давлатӣ гузашта, муроҷиаткунандагон бо ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ таъмин карда мешаванд. Дар шаш моҳи ахир ба Раёсати экспертизаи давлатӣ 332 лоиҳа пешниҳод шуда, 217 адад хулосаи мусбат, 8 лоиҳа хулосаи манфӣ, ва 2 лоиҳа аз эътибор соқит дониста шудаанд.
Таҳкими устувории зилзилабардорӣ дар маркази таваҷҷуҳ аст. Бо ин мақсад озмоишгоҳи муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти муосир таъсис ёфтааст, ки санҷиши мехсутун ва таҳкурсии биноҳоро мутобиқи меъёрҳои сохтмонӣ анҷом медиҳад.
Мирзозода зикр кард, ки дастгирии ташаббусҳои созандаи соҳибкорон ва назорати сифати сохтмон аз самтҳои афзалиятноки кори кумита ба шумор мераванд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ