То $10 ҳазор. Сабукии Мирзиёев ба заргарон

Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба хотири рушди соҳаи саноати ин кишвар як қатор чораҳоро барои дастгирии бахши заргарӣ эълом кардааст.

Аз ҷумла, ба шахсони воқеӣ иҷозат дода шуд, ки ба маблағи то 10 ҳазор доллари амрикоӣ ҷавоҳиротро ба хориҷ аз ин кишвар баранд.

Ҳамчунин, сангҳои қимматбаҳо ва ороишие, ки заргарон истифода мебаранд, аз 1-уми декабри имсол аз пардохти боҷи гумрукӣ озод шудаанд.

Талаби иҷозатнома барои воридот ва содироти муваққатии тилло, нуқра ва ашёи дигари хом барои сохтани ҷавоҳирот низ бекор карда мешавад. Ҳаҷми бозори заргарии дохилии Ӯзбекистон 300 миллион доллар арзёбӣ карда мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *