То 35-солагии Истиқлоли Тоҷикистон беш аз 23 ҳазор иншоот ба истифода дода шуд

Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ беш аз 23 ҳазор иншооти таъиноти гуногун мавриди истифода қарор гирифт. Дар ин бора раиси Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарифҷон Ҷумъазода зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз 1362 иншооти ба нақша гирифташуда, 1025 иншоот бо таъсиси 2368 ҷойи нави кор мавриди истифода қарор гирифта, сохтмони 198 иншооти дигар идома дорад.

Дар вилояти Суғд сохтмони 12 ҳазор иншоот ба нақша гирифта шуда, то имрӯз 10 ҳазору 827 иншоот мавриди истифода қарор гирифтаанд. Дар натиҷа 24 ҳазору 740 ҷойи нави кор таъсис ёфтааст. Ҳоло сохтмони 939 иншооти дигар идома дорад.

Дар вилояти Хатлон бошад, аз 6260 иншооти ба нақша гирифташуда, 5479 иншоот бо таъсиси 3911 ҷойи нави кор мавриди истифода қарор гирифтаанд. Ҳамзамон, сохтмони 872 иншооти дигар ҷараён дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *