Тоҷикистон дар харитаи адабии ҷаҳон, аммо тариқи нависандаи рус
«The Independent» – рӯзномаи машҳури Британияи Кабир харитаи адабии ҷаҳонро пешниҳод намуд, ки дар он номи 197 кишвари ҷаҳон аз ҷумла Тоҷикистон низ зикр шудааст. Дар харита Тоҷикистон ба воситаи асари нависандаи рус Андрей Волос «Хуррамабад» ворид гардидааст.
Ҳамсоякишварҳои мо Қирғизистону Қазоқистон ба василаи асарҳои асарҳои Чингиз Айтматов — «Джамиля» ва «Дольше века длится день» муаррифӣ, гардида Россия бо шарофати романи Лев Толстой бо асари «Война и мир» шомили ин харита гардиданд.
Ҳадафи ин харитаи адабиро рӯзнома чунин шарҳ медиҳад: «Дар ин харита ҳар кадоме аз кишварҳо бо асари бадеӣ муаррифӣ шудаанд, ки ба хонандагон ҷиҳати шиносоӣ бо зиндагиву фарҳанги ин давлат имкон медиҳад.»
Андрей Волос нависандаи рус мебошад, ки соли 1955 дар Душанбе ба дунё омада то пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ дар Тоҷикистон кору зиндагӣ кардааст. Волос муддати зиёд дар рӯзномаҳои русӣ ва маҷаллаи адабии «Помир» фаъолият кардааст.
Романи «Хуррамобад»-и нависанда, ки муаррифгари Тоҷикистон дар харитаи адабии ҷаҳон аст, дар бораи ҳодисаҳои солҳои 90-уми ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон қисса карда, соли 2000 аз ҷониби маҷаллаи «Новый мир» барои дарёфти ҷоизаи давлатии Русия пешниҳод гардида буд. Ва ҷоиза ба нависанда аз ҷониби Владимир Путин эъто шуд. Ҳамчунин Андрей Волос дар бораи рӯзгори Рӯдакӣ романи «Возвращение в Панджруд»-ро навиштааст, ки соли 2012 сазовори ҷоизаи адабии «Русский буккер» гардид.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ